Ҳамасола аз шаҳрвандони шаҳру навоҳии вилояти Суғд баҳри ғанигардонии маъхази осорхона ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ ҷамъоварӣ ва харидорӣ карда мешаванд. Дар ҷаласаи навбатӣ низ кормандони илмии осорхона якчанд ашёҳои таърихӣ ҷамъоварӣ ва харидорӣ намуданд, ки дар байни онҳо ҳовани фулузӣ низ мавҷуд аст.
Ҳован – охурак, уғрак, асбоби рӯзгор барои тоза кардани шолӣ, тайёр намудани ярмаи ҷуворӣ, гандум, ҷав, ҷавдор, кӯфтани тамоку, қаламфур, намак ва ғайраҳо истифода бурда мешавад. Ҳамчунин ҳованро табибони халқӣ барои тайёр намудани дорувориҳо аз гиёҳҳои шифобахш, ки дар ҳудуди мамлакати мо ниҳоят зиёданд, истифода мебурданд.
Ҳовани харидорӣ намуда аз фулуз сохта шуда, рангаш тиллогин мебошад. Баландиаш 5,7смро ташкил намуда, қутри даҳонаш 7,6см аст. Дастаки ҳован низ аз фулуз сохта шуда, дарозиаш 11,5см мебошад.