Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ороиши гесӯ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

      Урфу одати анъанавии духтарон ва занони тоҷик дар ҳар давру замон  ин буд, ки  ба ғайр аз либосҳои зебо ва шинамро ба бар намудан, бо зару зевар худро оро додан, гесувони худро  низ бо ҳар гуна ороишот зеб медоданд. Шоирон барои тасвири зебоии занон ва духтарон онҳоро ба ганҷу хазина  ва зулфи сиёҳашонро ба морҳои хазинабон ташбеҳ менамуданд. Дар бораи оро додани гесувон дар Осиёи Марказӣ олимон -этнографон Л.Чвырь, Е. Нева, Д.Фахретдинов тадқиқот бурдаанд.

    Бояд қайд кард, ки дар деворнигораҳои Афросиёб (асрҳои VI-VII ) сирати зан аз  қисми қафояш бо гесувони дарозӣ  оро додашуда тасвир карда шудааст.(1,76) Яъне аз ин бармеояд, ки дар Осиёи Марказӣ аз давраҳои қадим занон ва духтарон гесувони худро бо ҳар гуна ороишот зеб медоданд. Маснуоти ороишии сар, ки  асосан онро арусон истифода мебурданд “қошитилло” ва “баргак ” буда,  заргарон онро бо як нозукии хос  месохтанд.

    Чунин намуди ороишотро арусон барои зеби  сари худ рӯзи тӯй ва солҳои аввали хонадорӣ  истифода мебурданд. Ин  намуди ҷавоҳирот аз қатораи ҷузвҳои нуҷрагӣ ё аз тилло сохта шуда, бо ҳам мураббаъ пайваст карда мешуд. Қисматҳои поёнии он  бо  нақшҳо ва сангҳои пурарзиш оро дода мешуданд. Қисми поёниаш аз қатораи овезаҳо бо ҷузвҳои тунукагии ромбшакл зеб дода мешуд.

     Амали оро додани зулф , ҳалқаи мӯйи гесу, месохтанд, ки тавассути он зулфро аз парешонӣ дастаи борики мӯйи сар , ки занон ба баногӯш оварда, каҷ карда бо ҳар гуна ороишот  худро оро медиҳанд, зулфороӣ мебошад.  Гесувони худро бо ҳар тарз оро додан дар байни тоҷикон аз замонҳои қадим вуҷуд дошт. Заргарон барои нигоҳ доштани зулф- зулфак нигоҳ медоштанд. Саризулфиҳоро аз нуқра сохта, ба он оби тилло медавонданд. Саризулфиҳо  дарозшакл буда, аз найчаҳои нақшдор иборат буда, дар охирашон кунгураҳо пайваст карда мешуд. Барои ороиш ба кунгураҳо марворид мечаспониданд.

     Навъи дигари саризулфӣ аз қуббаи нуқрагин иборат буда, нуқраи он бо нақшунигори кандакорӣ, риштаи абрешими сиёҳ, пӯпакҳо, сангҳои гаронбаҳо оро дода шуда, онҳоро бо занҷираҳо пай дар пай мебастанд. Ороишоти зулфро  “найча”  низ мегуфтанд. Зулф аз найчаҳои нуқрагин, санги фируза ва  як қисми буридаи мӯй иборат буда, занон  зулфон, яъне чаккаи худро бо он оро медоданд. Бо зулф оро додани мӯй ин шавҳардор будани занонро мефаҳмонд.(1,79) “Соч-попук”, “соч-боғ ” инҳо як қабзаи муйи бурида буда, онҳо бо тӯмор, найча, овезаҳои нуқрагин ва тангаҳо оро дода мешуданд.

      Ороишоти гесувон дар байни мардум бо номҳои “чошпопук”, “ нуқраи пӯпак”, “ пӯпаки тиллоӣ” машҳур буданд.  “Чошпопук”  аз пӯпаку тангаю мӯҳраҳои гуногун иборат мебошад.

     Занон ва духтарон гесувони  худро майдабофт карда, асосан бо “чошпопук”оро медоданд. Баъзе занҳо ва духтарон мувофиқи синну соли худ ороишоти мӯйҳоро бо  чошпопукҳои аз риштаҳои абрешимӣ ё пахтагӣ бофташуда оро медоданд. Ҳар як ороишоте, ки духтарон ва занон  гесӯи худро оро медоданд, аз рӯи он  вазъияти ҷуғрофии ҳамон минтақа ва дороии шахсият  муайян карда мешуд.

     Ороиши гесувон монанди дигар намудҳои ҳунари заргарии ороишӣ ба минтақаҳои ҷанубӣ, ғарбӣ, шарқиву шимолӣ тақсим шуда, тарзи сохти онҳо аз ҳамдигар фарқ мекарданд. Тарзи бофти чошпопукҳо гуногун буда, яке аз онҳо ба монанди тоқича бофта мешуд, ки онро “ кийгич” мегуфтанд. Чунин намуди “чошпопук”-ро аз риштаҳои абрешимӣ ва пахтагӣ мебофтанд. Қисми теппаи тоқича  ба намуди тӯрбофӣ  гулдӯзӣ карда мешуд. Нақшу нигораш сохти тамғаро дошт, ки аз рӯи он табақа ва қабилаи шахсиятро муайян менамуданд. Дигар намуди ороишоти гесувон аз риштаи сиёҳи абрешимӣ бофта шуда, қисми поёни он бо пӯпак ва тангаҳою марҷонакҳои гуногун, санги фируза оро дода шудааст. “Чошпопукҳо” асосан ба мӯйҳои майдабофт ҳамроҳ карда мешуданд. Лекин “чошпопукҳое” буданд, ки ба матоъи дарозрӯя дӯхта шуда,  аз болои гесувон часпонида мешуданд. Бо чунин тарз занҳо ва духтарони қисми Шимоли Тоҷикистон  гесувони худро оро медоданд.

    Яке аз дигар намуди ороиши гесу “туф” мебошад. Ин намуд низ бо риштаҳои абрешимӣ ва пахтагӣ бофта шуда, қисми поёни риштаҳо бо овезаҳои нуқрагини бо тилло омезиш шуда, найчаҳои махрутшакл ва қуббаҳои саққомонанд оро дода шудааст. “Туфҳо”-и қимматбаҳо бо нигин, марворид, марҷонакҳо оро дода мешуданд. Чунин намуди ороишот асосан дар Бухоро дида мешуд ва бо он занони сарватманд гесувони худро оро медоданд.

   “Заркокул” ё  “мӯйҳои тиллоӣ” ин намуди чошпопук аз тангаҳои қадима сохта шуда, қисми болоиаш тангаҳои ҳаҷмаш калон ва ду қатори қисми поёниаш аз тангаҳои хурд иборат мебошад. Намуди дигари  “заркокул” дар байни табақаҳои доро машҳур буд, ки онро аз тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин месохтанд.   

    Навъи дигари ороишоти мӯй “чолбанд”, “ҷамолак”, “кокул” мебошад, ки онҳо аз риштаҳои гуногунранги абрешимӣ иборат буда, бо пулакчаҳои гуногунранг оро дода шудаанд.(3,21) Баъзан ба ин ороишоти мӯй найчаҳои фулузии хурди “шабака” ҳамроҳ карда мешуд. “Чолбандро” дар поёни мӯй мебофтанд. Бо чунин тарз занҳои ҷануби Тоҷикистон гесувони худро оро медоданд.

       Дар Болооби Зарафшон барои ороишоти гесувон занон ва духтарон аз сангҳои ороишдодаи гуногун истифода мебурданд, ки онро “ҳайдарӣ” мегуфтанд. Ба ғайр аз ин занон ва духтарони кӯҳистон мӯйҳои худро майдабофт карда, ба он чошпопукҳои аз пашмҳои сиёҳ бофта шударо, ки “чура”, “кокунд” мегуфтанд, оро медоданд.

        Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 30 намуди ороишоти  гесувони занона мавҷуданд. Ҳамасола мо кормандони илмии осорхона  барои ҳарчи бештар  ҷамъоварӣ намудани  ашёҳои таърихӣ, этнографӣ ва барои пурғановат гардидани маъхази осорхона кӯшиш ба харҷ медиҳем.

     Имруз ҳам занону духтарон чун анъанаи гузаштагон ба ороишоти гесувон ва зулфони худ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Онҳо мутобиқи давру замон бо тарзҳои гуногун гесувони худро оро медиҳанд. Ҳамасола духтарони тоҷик дар фестивал-озмуни  “Чакомаи гесу”, ширкат намуда, анвои гуногуни  зебу зиннат додани гесувони худро пешкаш менамоянд. 

   

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООроиши гесӯ
Scroll to Top