Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ҲУСНИ ЗИНДАГӢ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Рӯзи якуми июн-рӯзи байналхалқии муҳофизати кӯдакон. Ин рӯзро аз соли 1950 бо даъвати Федератсияи байналхалқии занон тамоми аҳли башар ҳамчун рамзи аз хавфи ҷанг муҳофизат намудани кӯдакон, чун рамзи хушбахтии насли башар ид мекунанд.

Фарзанд меваи умри инсон, умеду орзу ва қуввати дили падару модар аст. Дар кишвари мо Конститутсия таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доштани оила, никоҳ, модар, падар ва кӯдакро кафолат додааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таҳкими оила, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешад. Давлат ва оила бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Оилаи солим аз зану шавҳар иҷрои вазифаҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, иқтисодию маишӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сабру тоқат, андеша, эҳтироми якдигар ва тарбияи фарзандони солеҳро талаб мекунад.

Зиндагиро танҳо фарзанд ширину гуворо карда метавонад. Масъулияти зану шавҳар баъди тавлиди тифл боз ҳам бештар мегардад, чунки онҳо акнун на танҳо ба тақдири худ, балки ба ҳаёти бузургтарин офаридаи Худо – инсон ҷавобгаранд.

Мард, ки сарвари хонадон аст, дар хушбахтии оила ва тарбияи фарзанд масъулияти бештареро бар дӯш дорад. Дар баробари ҷиддию серталаб будан, мард бояд меҳрубониро нисбати зану фарзандонаш дареғ надорад. Барои фарзанд ягон чиз ҷои меҳрубонии падару модарро гирифта наметавонад. Оила мураббии аввалин, раҳнамои ҳаёт асосгузори феълу атвори ҳар як шахс аст. Дар оила шахс тарбия ёфта, меъёрҳои ахлоқиро аз худ мекунад, ба ҳаёти мустақил омода мешавад, ба камол мерасад, ки дар ин раванд падару модар ранҷи зиёде мекашанд.

Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад,

Ҷигарҳо хун шавад, то як писар мисли падар гардад.

Падар дар кӯдакӣ аз шавқи дил дасти писар гирад,

Ба умеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад.

Дар кадом сатҳ тарбия ёфтани фарзанд ба донишу маърифат ва ҷаҳонбинии падару модар вобаста аст. Падару модар баробари меҳрубонию тарбияи дуруст бояд соҳиби касб шудани фарзандашонро дар мадди назар дошта бошанд. Мо зиндагии хушбахтонаро танҳо дар ҳолате ташкил карда метавонем, ки соҳиби касби дилхоҳамон бошем. Ва ин сарманша мегирад аз оилаи хушбахт. Барои хушбахтии оила ва тарбияи фарзандони солеҳ пайваста талош бояд кард.

Хонае, ки тифл дорад, ғусса дар он хона нест,

Хонае, ки тифл дорад, ғайбати бегона нест.

Мон, ки аз ҳар хонадон, ояд садои кӯдакон,

Нархи ҳар як хандааш гӯӣ ба сад дурдона нест.

Модарони азиз. Шумо кулол ҳастеду кӯдакатон лой. Онро ба кадом қолабе мехоҳед, метавонед дароред. Вале аз хотир набароред, ки навозишу дӯстдорӣ, меҳрубониву самимият иҳотаву парвариш кардани тифл беҳтарин амал аст. Ин корро ақаллан бояд ба он хотир анҷом дод, ки нахуст тифл ба рӯйи Шумо механдад. Аз хандаи беғаши кӯдакона дида чизи арзишмандтаре ҳаст?!

Барои модар аввалан, тифли худро дӯст доштан зарур аст. Аз ин ҷо фикрҳои нисбати кӯдак сахтгир буданро аз худ дур намуда, гӯш ба оҳанги дил бояд дод.

Баъдан, кӯдакро ҳангоми гиря карданаш бори дигар ба оғӯш гирифта, навозиш намудан, нуран алонур хоҳад гашт. Дар ин сурат дар тифл эҳсосоти дӯстдории зиндагӣ, нармиву меҳрубонӣ бештар инкишоф меёбад. Вай худро нафари даркорӣ мешуморад ва аз тавлидаш шод мегардад. Набояд фаромӯш кард, ки дараҷаи боварии кӯдак ба зиндагӣ дар навозишҳои гарм нуҳуфта асту инкишофи дурусти ақлониву ҷисмонии ӯ дар қонеъ намудани талаботи тифл ба навозишу дӯстдорӣ вобаста аст.

Пӯшида нест, ки маҳз инкишофи дурусти нутқи кӯдак ба ояндаи ӯ таъсири ҳалкунанда дорад. Дар заминаи нутқ рӯҳия, хислат, тафаккур, дараҷаи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии тифл қолабрезӣ мешавад. Пас, чӣ бояд кард, то кӯдакони мо бо забони буррову фасеҳ сухан гуфта тавонанд, фикрашонро озодона баён созанд. Барои ин ба кӯдак таълими дурусти забони модарӣ ҳатмист ва он якчанд қоидаву меъёрҳо дорад, ки дар зер меорем:

  • Ҳеҷ гоҳ ширинзабонӣ карда, ба кӯдак тақлид насозед. Калимаҳоро нопурра талаффуз нанамоед. Наҳамеша кӯдак имкони гӯш кардани шакли дурусти калимаҳои забони модариашро дорад. Хуб мешуд бо нишон додани шодиву фараҳи худ калимаҳоро пурра, тоза ва дуруст талаффуз кунед.
  • Кӯшиш намоед, ки дар хона ҳар гуна овозҳо танинандоз бошанд. Беҳтараш сурудҳои кӯдакона, шеърҳо, афсонаҳо садо диҳанд.
  • Бодиққат, бо забони бурро ва фаҳмо ба кӯдак китоб хонда диҳед. Охир, беҳуда модаркалонҳо ба наберагонашон афсона намегӯянд. Ҳамчунин ба тифлон нишон додани китобҳои расмдори кӯдакона муфид аст.

Хонандагони гиромӣ. Тавре ба ҳамагон маълум аст, вазифаи падару модар нисбат ба тарбияи фарзанд бисёр сангин мебошад. Бояд волидайн аз рӯзи таваллуд то ба воя расидан ва бо беҳтарин равиши тарбиятӣ онҳоро таҳти назорат дошта бошанд.

Падару модар бо ахлоку рафтори дуруст бояд намунаи ибрати фарзандони худ бошанд, зеро онҳо дар тарбияи фарзанд бисёр мавқеи муҳим доранд. Бояд зикр намуд, ки дар даврони кӯдакӣ вобастагии фарзанд аз падар дида, ба модар бештар аст. Аз ин рӯ нақши модар дар тарбияти фарзанд таъсири зиёд дорад. Модар барои кӯдак аввалин муаллим ва нахустин мадраса мебошад, бинобар ин модарон мавқею таъсири худро бояд дошта бошанд ва дар тарбияи солиму дурусти онҳо ҳеҷ талошеро дареғ надоранд. Агар таърихро варақ занем, мебинем, ки модарони накӯкор, боиффат ва донишманд бо дуои неку таваҷҷӯҳашон тавонистанд, то фарзандони бузургу солеҳ тарбия намуда, ба хидмати ҷомеаи башарӣ тақдим намоянд.

Ҷойи бисёр таассуф аст, ки имрӯзҳо аксари модарон ҳангоми гиряи фарзандон ва баъзе вақт ғам додани кӯдакон ҳар гуна дуои бад мекунанд. Дар сурате, ки ин ношукрӣ нисбат ба фарзанд аст. Кас ҳайрон мешавад, ки чаро аксари волидайн ҷумлаҳои зиштро ба забон меоранд. Дуруст аст, ки тарбияи фарзанд бисёр душвор аст ва бисёр ранҷ бояд кашид, аммо ба ҳамаи инҳо модаронро сабр мебояд. Зеро фарзанд беҳтарин неъмати Худованд аст ва қадри ин неъмати бебаҳоро бояд донист. Қадри фарзандро шахсони бефарзанд хуб дарк мекунанд, бино бар ин аз ҳамаи модарони мушфиқу меҳрубон хоҳиш карда мешавад, ки ба фарзандони худ ҳамеша дилсӯзу меҳрубон бошанд ва дар ҳаққи ин дӯстрӯякон танҳо дуо ва суханҳои нек гӯянд.

Тӯли чанд рӯзи охир тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма наворе паҳн гардид, ки кӯдаке бо ашки шашқатор аз падари худ илтиҷо мекард то ӯро лату кӯб нанамояд. Ин навор ҷунбиши бузургеро байни ҷомеа ба миён овард. Ҳомиёни ҳуқуқ низ аз ҳодиса огоҳ гардида, падари сангдилу номеҳрубонро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд. Акнун ӯ дар назди қонун барои гуноҳи содирнамудааш ҷавоб хоҳад дод.

Азизон дил. Кӯдак ғунчаи навшукуфтаро монад. Аз ин лиҳоз нашояд, ки бо суханҳои дағал дили нозукашро ранҷонид.

Кормандони муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” барои истироҳат ва фароғати кулли кӯдакон то ҳадди имкон шароити мусоид фароҳам меоваранд. Барои кӯдакони бесаробон ва ё имконияташон маҳдуд боздид аз осорхонаҳои муассиса ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин барои бохабар гардидани кӯдакон аз таърихи пурғановати халқи тоҷик намоишҳои берун аз осорхона ташкил менамоянд, дар ҳамкорӣ бо Раёсати маориф ва Маркази таҳсилоти иловагӣ озмунҳо мегузаронанд, ки озмуни “Беҳтарин осорхонаи мактабӣ” яке аз онҳост. Ҳамчунин дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ чорабиниҳои мутантан баргузор менамоянд. Имсол бошад вобаста ба шароити ба амал омада ва паҳн гардидани бемории сироятӣ баргузории чорабиниҳои идона мавқуф гузошта шудааст. Бо вуҷуди ин кӯдакон ҳамроҳи падару модари хеш имкон доранд бо риояи фосила ва пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ аз тамошои гулҳои ҳаррангаву зебои боғ баҳраманд гарданду истироҳати худро хушу хотирмон паси сар намоянд.

Кӯдакони мо аслан зебоипарастанд. Тамошои манзараҳои дилписанди диёр барояшон рӯҳу илҳоми дигар меоварад, ки инро ҳатто як сайёҳи рус низ пайхас намудааст. Галина Стэпан – узви иттифоқи рассомони Русия, ки тӯли наздик бист соли охир мунтазам ба ноҳияҳои Помир сафар мекунад ва ба кӯдакони болаёқат нозукиҳои кори рассомиро меомӯзад, дар бораи Помир ва кӯдакони он гуфтааст: “Дар Помир наврасони боистеъдод зиёданд. Табиати ин ҷо хеле зебост ва ба кӯдакон дастрас аст. Онҳо табиатро хуб мефаҳманд ва рӯҳу мазмуни онро дармеёбанд. Аз ин рӯ кор кардан бо онҳо шавқовар аст. Зебоӣ ба инсон нерӯ мебахшад ва касе ки онро мебинаду дарку эҳсос мекунад, хушбахт мешавад. Ман ва шогирдонам кӯшиш мекунем, ки барои дарки ин зебоӣ ба кӯдакон ёрӣ расонем. Он шавқу хоҳиш ва талошеро, ки кӯдакони Помир барои омӯзиш доранд, дар ҳеҷ ҷои дигар мушоҳида накардаам”.

Бале, модарони тоҷик фахр намоед, ки кӯдаки Шумо аз дигар кӯдакони сайёра бо дарку фаҳмиш фарқ мекунад. Аз ин лиҳоз дар тарбияи онҳо саҳлангорӣ нанамоед!

Тарбияи кӯдакони имрӯза, ки насли ободгару ояндасози миллатамон мебошанд, кори бисёр пурмасъулият аст ва ман итминон дорам, ки модарон дар кори ба камол расонидани созандагони ояндаи Ватанамон ба иҷрои вазифаи худ бо камоли ҷиддияту масъулият ва меҳру муҳаббат муносибат хоҳанд кард.

                                                                                             

АСЛИНИССО ЁДГОРИ

Мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ

ва робита бо ҷомеа

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲУСНИ ЗИНДАГӢ
Scroll to Top