Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Чун анъана ҳар сол рӯзи якуми июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо ҳамчун Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва манфиатҳои кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки Аҳдномаи ҳуқуқи кӯдак яке аз ҳуҷатҳои муҳими байналмиллалӣ ба шумор меравад ва он дар санаи 20 ноябри соли 1989 аз ҷониби Созмони Миллали Мутаҳид қабул гаштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Мутаҳид мебошад, санади мазкурро этироф намудааст. Баробари ин дар ҷумҳурӣ тадбирҳои судманд оид ба ҳифзи кӯдакон ҳуқуқҳои кӯдакон пайваста андешида мешавад.

Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” кулли кӯдакону наврасонро бо фарорасии Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон табрику муборакбод намуда, барои онҳо даврони саодатёри наврасӣ, оромию осудагӣ ва хандаи ҷовидонаи беғаши тифлиро таманно дорад. бигзор кӯдакони мо ҳамеша сарбаланду саодатманд ва ворисони арзандаи Ватани хеш бошанд. Ҳамеша сиҳатманду солим бошед, кӯдакони меҳрубон!

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон
Scroll to Top