Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боғи Камоли Хуҷандӣ дар рӯзҳои баҳорӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Имрӯзҳо “Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ”-и МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ки яке аз беҳтарин ҷои фароғату саёҳат дар ҷумҳурӣ шинохта шудааст, ба макони сайру гашти ҳазорҳо меҳмонони хориҷу дохили кишвар табдил ёфтааст.

Баҳри ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ин макон дар мавсими имсолаи баҳорӣ 32 адад дарахтони сояафкану ороишӣ, 250 500 адад гул, ба монанди: катарантус – 15 500, салвия – 55 000, тагес бархасти – 60 000, вербения – 40 000, питуния – 80 000 ва ғайра шинонида шуданд.

Ҳамчунин ниҳолу буттаҳо аз шоху баргҳои хушк тоза гардида, ҷӯйборҳо низ тоза карда шуданд, баҳри истироҳати сайёҳону меҳмонон шароити фароҳам ташкил карда шуд.

Корҳои ободонӣ ва гулшинонӣ идома ёфта, кормандони боғ ҳамарӯза баҳри боз ҳам зеботар гардонидани он кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳудуди Боғи фарҳангӣ – фароғатии Камоли Хуҷандӣ мунтазам бо маҳлулҳои махсуси безараргардонӣ коркард карда шуда истодааст.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоғи Камоли Хуҷандӣ дар рӯзҳои баҳорӣ
Scroll to Top