Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ...

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Мардуми тоҷик тӯли асрҳои зиёд дар рушду нумӯи фарҳангу ҳунарҳои волои худ саҳми арзандае дар тамаддуни инсонӣ гузоштааст. Аз ин лиҳоз аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат дар самт, бунёд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар он зоҳир мешавад, ки мо тавонем дар арсаи байналмиллалӣ фарҳанги миллиамонро ба ҷаҳониён пешкаш намоем ва рақобатпазирӣ дошта бошем.

Ҳунарҳои мардумии мо бешумор буда, мо бояд онҳоро аз нав омӯзем, бунёд намоем. Яке аз чунин ҳунарҳои қадимаи тоҷик ин читгарӣ мебошад.

Санаи 29.04.2020с дар ҷаласаи навбатии комиссияи харидории назди фонди осорхона бо мақсади ғанигардонии коллексияи соҳавии фонди осорхона як адад матои читгарӣ харидорӣ карда шуд.

Санъати  читгарӣ дар гузашта дар шаҳрҳои Хуҷанду Самарқанд, Бухорову Истаравшан, Ҳисор ва ғайра маъмул буд. Чит матои сабуку бофтаест, ки тору пуди он аз риштаҳои пахтагин иборат аст. Матои чит ду навъ дорад: гулдор ва якранг. Аз чит курта шелвор, ҷома, кӯрпача, парда, чодар ва ғайра медӯхтанд.

Читгарон мувофиқи дархосту фармоиши харидорон маҳсулот истеҳсол мекарданд. Тибқи манобеи таърихӣ дар солҳои 70-уми асри XIX дар Хуҷанд 30 дӯкони читгарӣ мавҷуд буд, ки дар онҳо тақрибан 70 нафар усто кор мекард. Равиши кори читгарон чунин буд, ки аввал матои карбос ё хомсуфро ба миқдори зарури гирифта, дар дег меҷӯшониданд. Сипас матоъро дар оби тоза шуста, мехушкониданд. Баъдан ба маҳлули махсус, ки аз хокаи чӯби дарахти писта ва мозу тайёр шудааст тар менамуданд. Баъд матоъ барои нақш задан омода мешуд. Дар Хуҷанд читҳо бо нақшҳои зулфак, занҷира, чинифалак, чинигул, мехча, тагсиёҳ ва ғайра оро дода мешуданд. Баъди нақш задан матои нақшдорро ба оби рангаш сурхи ҷӯшидаистода андохта, то ранги сурх гирифтани матоъ нигоҳ медоштанд.

Дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ҳоло ҳам санъати зебои читгарӣ идома ёфта истодааст ва ҳунармандон ҳунари худро дар намоишҳо ба маърази тамошо гузошта, ин ҳунари қадимаи халқи тоҷикро муаррифӣ менамоянд.

Дар толори экспозитсионии осорхона ва фонди он намунаи санъати читгарӣ маҳфуз аст.

 Умед бар он дорем, ки наслҳои ояндаи мо идомабахши ин гуна  санъатҳо мегарданд, зеро ҳунарҳои мардумӣ инъикосгари миллати тоҷик дар байни дигар миллатҳо мебошад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲунар омӯз к-аз ҳунармандӣ...
Scroll to Top