Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Тӯпандози моҳири тоҷик

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба ифтихори 75-солагии Иди Ғалаба

Соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қатори дигар мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 75- умин солагарди Иди Ғалабаи бузург ботантана ҷашн гирифта мешавад. Фарзандони халқи тоҷик ҳам дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳам ҷабҳаҳои меҳнатӣ қаҳрамонӣ нишон дода, дар қатори дигар миллатҳои ҷаҳон барои ғалаба бар Германияи фашистӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Дар рафти ҷанг ва баъд аз он 50 ҳазор нафар аскарону афсарони Тоҷикистон бо ордену медалҳо мукофонида шуданд. Дар рафти ҷанг 56 нафар соҳиби унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шуда, 14 нафар ҷанговарон, фиристодагони Тоҷикистон ба гирифтани ордени “Шараф” (ҳамаи дараҷаҳо) мушарраф шуданд, ки он бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ баробар аст.  Умуман дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бештар аз 300 ҳазор нафар фарзондони Тоҷикистон дар ин ҷанги хонумонсӯз иштирок намуданд.

Дар радифи дигар фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон аз шаҳри Панҷакент чор бародарон  Усмон, Яздон, Тӯпаланг ва Раҷабполвон Нӯъмоновҳо низ ба фронт сафарбар шуданд. Аз онҳо Усмон, Яздон ва Тӯпаланг аз ҷанг ғалабаро ба даст оварда баргаштанд, Раҷабполвон бошад дар ҷанг бенишон шуд.

Бародари калонӣ Усмон Нӯъмонов дар муҳорибахои зиёд ширкат дошт, қаҳрамониҳо нишон дод, борҳо ҷароҳатҳои вазнин гирифт, вале талош баҳри қасосгирӣ аз душмани инсоният – фашизм дар қалбаш доимо бештар мегардид. Дар муборизаи пуршиддат Усмон Нӯъмонов бо тӯпаш дар несту нобуд сохтани силоҳ ва нерӯи душман ҳиссагузорӣ намудааст.

Усмон Нӯъмонов баъди бо ғалаба баргаштан бо ҳамяроқонаш мукотиба дошт, онҳоро ба Панҷакент даъват мекард ва баъзан худаш ҳам меҳмони онҳо мешуд. Инчунин соли 2000 – ум дар 55- солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мактуб аз дӯсти ҳамяроқи У. Нӯъмонов А.А. Шойхет омада буд, ки ҳоло дар Сан - Франсискои ИМА зиндагӣ дорад.

Боре У.Нӯъмонов бо даъвати ҳамяроқон ба шаҳри Житомири Украина сафар кард. Фориғ аз суҳбат бо дӯстон хост шаҳрро тамошо намояд, зеро аз он хотироти зиёд дошт. Ҳангоми боздид аз осорхонаи ҷангии шаҳр чашмаш ба тӯпе афтод, ки чунин зернавишт дошт: “Тӯпи Усмон Нӯъмонови ҷанговар”. Усмон аз будани тӯп дар ин осорхона бехабар буд, бинобар ин ба ҳаяҷон афтод. Ба ин “дӯсти безабонаш” – тӯпи ҷангии худ менигаристу бо дастонаш сила мекарду ашк мерехт.

-         Ба Шумо чӣ шуд? – хавотир шуданд кормандони осорхона.

-         Ман баъди чил сол дӯсти азизи худро ёфтам.

-         Кадом дӯст? – зеро дар ин толори осорхона ғайри Усмон каси бегона набуд.

-         Ана, ин дӯстам! – Усмон ба тӯпи осорхона ишора кард, боз беихтиёр қатраҳои ашк шоридан гирифт.

-         Наход ин тӯпи Шумо?

-         Бале, аз они ман!

Тамоми кормандони осорхона акнун атрофи Усмон парвона буданд ва ба ӯ чун нигораи нодир ва ногоҳ падидомада менигаристанд, зеро онҳо гумон надоштанд, ки соҳиби тӯп дар қайди ҳаёт аст.

Акнун барои осорхона тӯй буд. Дар толори он ба шарафи пайдо шадани соҳиби тӯпи нодири ҷангӣ нишасти хоксорона, вале самимӣ баргузор гардид.

Усмон чанд рӯзи дигар, ки ин ҷо буд, вақт ёфта назди тӯпаш меомад, бо он ба таври худ чун солҳои ҷанг сӯҳбат мекард ва ба ёд меовард, ки ҳамроҳи ин яроқ чӣ қадар заминҳои  Украинаро аз фашистон озод кард ва вориди кишварҳои дигар гашт.

Баъди анҷоми сафар Усмон Нӯъмонов бори охир ба осорхона омад, бо тӯп чун як рафиқ “суҳбат” дошт ва ба кормандони осорхона изҳори сипос намуд, ки дар посу гиромӣ доштани таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷаҳду талош доранд.

Баъди ба Панҷакент баргаштан Усмон аз кормандони осорхона номаҳои зиёд гирифт, ки дар он меҳр буду ихлос нисбат ба як нафар омӯзгор – ҷанговари тоҷик.

Бояд гуфт, ки чанд нафар фарзандони Усмон Нӯъмонов бо пайраҳаи падар рафтанд. Аз ҷумла, собиқадори мактабу маориф фарзанди калонӣ Мардонқул омӯзгор асту ифтихор аз он менамояд, ки пешаи падарро интихоб кардааст.

 

Мавод аз рӯзномаҳои “Омӯзгор” №19, 8 майи соли 2015 ва

“Ҷумҳурият” № 95-96, 8 майи соли 2015 гирифта шудааст.

Исломова С.

корманди илмии

МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТӯпандози моҳири тоҷик
Scroll to Top