Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шакархонаи Камол

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 23 апрели соли 2020 дар Хона — музейи Камоли Хуҷандӣ ва Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба ҷашни 700 — солагии шоири барҷастаи тоҷику форс Шайх Камоли Хуҷандӣ бо иштироки дӯсторони каломи бадеъ, занони фаъоли вилояти Суғд чорабинии адабӣ – мусиқии телевизионӣ таҳти унвони «Шакархонаи Камол» баргузор гардид.

Меҳмононро дар даромадгоҳи боғ донишҷӯён бо қироати ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ истиқбол гирифта, дар назди мақбараи шоир пазироӣ карданд.

Баъдан ҳамагон ба тадрисгоҳи Камоли Хуҷандӣ, ки дар дохили Хона – музейи ӯ ҷойгир аст, ташриф оварданд.

Дар идомаи чорабинӣ маҳсули ҳунари адрасбофон ба намоиш гузошта шуда, таоми миллии тоҷикон - самбӯсаи миллӣ пешкаши меҳмонон гардид.

Камолшиноси ҷавон Шоира Олимзода якчанд ғазали шоирро шарҳ дод ва ҳофизон аз ашъори Камоли Хуҷандӣ суруду таронаҳои дилнишинро иҷро намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки чорабинии мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ шуд. 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШакархонаи Камол
Scroll to Top