Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ёдгориҳои таърихӣ – омили рушди сайёҳӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тибқи нақшаи кории Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар маҷлисгоҳи бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ конфронси илмӣ таҳти унвони “Ёдгориҳои таърихӣ - омили рушди сайёҳӣ” баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Омири Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”  Бойматов М.Т. оғоз гардид. Дар конфронс Н.Раҳимов - бостоншинос, доктори илмҳои таърих, профессори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таҳти мавзӯи "Шаҳраки Саразм ва масъалаҳои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ - археологӣ", Иброимов П. - мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги вилоят, Турсунов А. - намояндаи бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Ашт таҳти мавзӯи "Роли Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Ашт дар ҳифз ва нигоҳдории объектҳои таърихӣ", Мамадҷонова М. – мудири шуъбаи таърихи Осорхонаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” таҳти унвони "Ҳифзи фарҳанги миллӣ ва ёдгориҳои бостонию таърихии халқи тоҷик дар шароити ҷаҳонишавӣ", Тоҷибоев С. – котиби масъули ҳифзи ёдгориҳои н.Ашт таҳти мавзӯи "Қалъаи Афросиёб", Раупов А. – директори кулли осорхонаҳои ш.Исфара, Файзуллоев М. – номзади илмҳои таърих, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таҳти мавзӯи "Ба роҳ мондани корҳои ҳафриётӣ дар Қалъаи Хуҷанд" иштирок ва маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд. 

Ҳамчунин дар конфронс аъзоёни Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сарварони осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят, котибони масъули бахши ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории навоҳии вилоят, намояндагони ВАО, кормандони бахши фарҳанги ноҳияи Ашт ва кормандони Осорхонаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок дошданд.

Бояд тазаккур дод, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ дар даромадгоҳи бино аз тарафи кормандони китобхонаи ноҳия, мактаби рассомии бахши фарҳанг ва ҳунармондони ноҳия намоиши китобҳо таҳти унвони “Китоб – нерӯи беҳамто” ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз...” ташкил гардид. 

Дар қисмати дуюми конфронс меҳмонон аз Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии н.Ашт, бинои театри ноҳиявии ба номи М.Воҳидов, ки намунаи санъати миллии гаҷкорӣ ва меъморӣ мебошад ва Хона - осорхонаи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Т.Эрйигитов дидан намуданд. 

Мақсад аз гузаронидани конфронс ҳифзу тарғиби объектҳои таърихӣ, ёдгориҳои моддию ғайримоддӣ, баланд бардоштани руҳияи ватандӯстию хештаншиносии ҷавонону наврасон ва гузоштани мероси ниёгон ба насли оянда мебошад. 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЁдгориҳои таърихӣ – омили рушди сайёҳӣ
Scroll to Top