Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Хона – музейи этнографии Эргашбойбача

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба ифтихори моҳи Ҳифзи ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ

Хонаи Эргашбойбача намунае аз таърихи санъати меъмории биносозии хуҷандиён мебошад. Ин санъати меъмории нотакрор дар маркази шаҳри Хуҷанд дар қисми шимолии бозори машҳури Панҷшанбе дар кӯчаи Содирхон Ҳофиз №87 воқеъ аст. Сохтмони бино ба охири асри XIX ва чоряки аввали асри ХХ мутааллиқ аст.

Эргашбойбача худ тоҷири машҳури хушкмеваҳо буда, меваҳои хушкардашударо ҷамъоварӣ намуда, онро ба Русия мебурд ва ба ивази он молҳои саноатиро ба макони худ меовард. Имконияти молиявии тоҷир Эргашбойбача имконият дод, ки дар масоҳати 0,10 гектар дар замини холии канори маҳаллаи Пуларқшӣ ҳавлие бунёд намояд. Ҳавлии Эргашбойбача бо риояи талаботҳои биносозии шарқ бунёд гардида, он аз ду қисмат иборат аст: ҳавлии дарунӣ ва ҳавлии берунӣ. Дарвозаи даромадгоҳи ҳавлӣ ба тарафи ҷануб нигаронида шуда, аз дарвозаи калони дутабақаи чӯбин, ки бо услуби бағдодӣ оро ёфтааст, иборат мебошад. Дар паҳлӯи дарвоза дари хурди даромад мавҷуд аст, ки он низ бо санъати волои кандакорӣ оро ёфтааст.

                                                      

Қисмати ҳавлии дарунӣ, ки ба занҳо тааллуқ дорад аз хона, пойгаҳ ва оташдон иборат мебошад. Инчунин дар ин қисми ҳавлӣ айвон, биноҳои ёрирасон: танӯрхона, ошдон иборат аст. Дар саҳни ҳавлӣ майдончаи начандон калони барои парвариши рустаниҳо мавҷуд аст. Як вақтҳо ин қисмати хона аз ҳавлии берунӣ, ки ба мардон тааллуқ доранд бо девор ҷудо шуда буд, ки имрӯзҳо мавҷуд нест. Дар таги айвони ҳавлии дарунӣ нимзаминкан – анбор мавҷуд аст, ки даромадаш аз қисмати мардона аст.

Ҳавлии берунӣ  аз се хонаи пешайвондор (долонҳо) утоқи корӣ, саҳни ҳавлӣ дар қисмати ҷанубии ҳавлии мазкур таҳхона, ки вазифаи саисхона (ҷилавхона) барои асп ва болои он ду хонаи даҳлездори пешайвон пӯшида шуда, мавҷуд аст.

Оиди хонаи мазкур дар асарҳои илмӣ-этнографӣ, ёддоштии олимон ҳаммаҳаллагон, академик З.Ш.Раҷабов, профессорон Н.О.Турсунов, Ҷ.Ҳ.Ҷӯразода, А.К.Мирбобоев, М.Файзуллоев ва дигарон маълумотҳои кӯтоҳ ва нопурраи ҳамаи тарафҳои таърихи санъати меъморӣ ва ороишии тоҷикони водии Фарғона оварда шудааст, ки гуфтаҳои онҳо ба тамошобинони гиромӣ маълумоти мухтасар медиҳанд.

Масолеҳи сохтмони ин бинои истиқоматии шахсӣ аз маводҳои пурра маҳаллӣ: санг, хишти пухта ва хом, чӯб, гаҷу хок, коҳбеда ва ғайраҳо буда, нақшу нигорҳояш аз тарафи наққошони тоҷик бо истифодаи рангҳои табиӣ оро дода шуда, унсурҳои гиреҳ, ислимӣ ва катиба васеъ истифода бурда шудааст, ки ин ҳама аз санъати волои мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Баъзе  сутунҳову  болорҳои хона  бо усули хоса аз ҷониби устоҳо кандакорӣ ва ба шакл дароварда шудааст, ки  диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд.

Боиси ёдоварист, ки оид ба таъмир ва тармими ин ҳавлӣ имрӯзҳо масъулони фарҳанг кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Аз ҷониби шӯъбаи эҳё ва навсозии объектҳои таърихии ҷамияти ҳифзи ёдгориҳои таърихии вилояти Суғд (он вақта Ленинобод) солҳои 1985-1986 баъди бозгардонидан аз хобгоҳи коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд қисман азнавсозӣ карда шуда буда, аммо то ҳол ин бино дар зарфи зиёда аз 100-соли мавҷудияташ тармими куллӣ надидааст.

 

                                                       М. Файзуллоев – номзади илмҳои

                                                        таърих, корманди илмии Хона-

                                                        музейи Эргашбойбача,

                                                        М.Мамадҷонова – мудири

                                                        шуъбаи таърихи Осорхонаи 

                                                        таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОХона – музейи этнографии Эргашбойбача
Scroll to Top