Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Хона – музейи этнографии Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёз

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Олим, мунаҷҷим, ҷуғрофишинос ва сайёҳ Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёз соли 1842 дар Хуҷанд таваллуд шудааст. Падараш ба сафари Ҳаҷ рафта, дар он ҷо вафот мекунад. Бо мақсади ҷустуҷӯи қабри падар Хоҷӣ Юсуф ба Арабистон рафта, дар он ҷо мемонад ва дар мадрасаи “Ал-асгар” таҳсили илм мекунад. Дар синни 24-солагиаш ба ватан баргашта, дар ҳавлиаш мактаби типи навро ташкил мекунад. Барои ин кораш руҳониён ӯро кофир мегӯянд ва  ӯ бори дигар ватанро тарк карда, ба давлатҳои Русия, Стамбул, Эрону Сурия, Алҷазоиру Марокко, Итолиё ва ғайра сафар карда, дубора ба ватан бармегардад.(1.с.87) Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёз дар илми таърих чун ҷугрофидон- харитакаш ихтироъкори 11-кураи арз бо андозаҳои гуногун машҳур мебошад. Дар рӯи тарҳи кураи арз қариб ҳазор номи ҷуғрофӣ ҷой гирифтааст. Дар хатти устуво шаклҳои ҳайвоноту парандагони бурҷи 12- гона тасвир карда шудааст. Кураи арзи Ҳоҷӣ Юсуф бо ин гуна иловагиҳо аз дигар Кураи арзи оддии таълимӣ фарқ мекард. Олимони илми ҷуғрофия Кураи арзро аз ҷиҳати илмӣ санҷида, ба хулоса меоянд, ки он аз ҷиҳати илмҳои ҷуғрофишиносӣ ва картографӣ бе каму кост сохта шуда, қобили қабул аст ва ихтироъкор сазовори таҳсин мебошад. Хабари аз байни мардуми маҳаллӣ баромадани чунин як ихтироъкорро то комиссияи олимони дарбори подшоҳи рус мерасонанд. Император Ҳоҷӣ Юсуфро ба қабули хоси худ даъват карда, барои Кураи арзаш ҳуҷҷати муаллифӣ медиҳад. Ҳамчунин ӯ соли 1896 ҳамчун мутахассис барои дар соҳаи обёрӣ муваффақиятҳои зиёде ба даст овардан, аз тарафи императори Рус Никалаи II бо медали миробии дараҷаи дуюм мукофонида мешавад. Ҳоло дар экспозитсияи Осорхона нусхаи Кураи арз, акси Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёз ба намоиш гузошта шуда, дар маъхази осорхона тибқи қайди китоби воридотӣ таҳти рақами № 628 медали “ Мироб дараҷаи II” маҳфуз мебошад.(2, с.89)

 Хонаи Ҳоҷӣ Юсуф  соли 1902 сохта шуда,  ӯ бо зану фарзандонаш зиндагӣ мекард. Пеш аз вафоташ ба фарзандонаш Шарафнисо, Ҳоҷӣ Ғафур ва Бадри Зуҳур васият медиҳад, ки ҳавлиашро ба шуъбаи маорифи шаҳр диҳанд. Ҳавлӣ аз ду қисм иборат аст. Ҳавлии дарунӣ ва ҳавлии берунӣ. Дар ҳавлии беруна ду хона, даҳлез, ошхона ва ҳаммомхона мавҷуд аст. Дар ҳавлии даруна бошад айвон, хонаи калон ва ду хонаи майда вуҷуд дорад. Ҳамчунин тарҳи дорухона, болохона мавҷуд аст. Дар назди айвон ду таҳхона вуҷуд дорад. Бояд қайд кард, ки ғайр аз ду бинои аввал, дигар иншоотҳо дар ҳолати харобӣ қарор доранд.

      Дар ин хона то соли 1932 мактаби чорсолаи ибтидоӣ амал мекард. Аз соли 1941 хобгоҳи донишҷӯёни техникуми тиббӣ ҷойгир буд. Бо пешниҳод ва кӯшиши Шарафнисо Пӯлотова вазорати фарҳанг бинои мазкурро ҳамчун осорхона эълон намуд. То соли 2010 ин бино бесоҳиб монда, ба фурӯ рехтан омада расид.  Соли 2010 бо Қарори собиқ раиси шаҳр Мирхолиқов Т. ин ҳавлӣ бинои маданӣ ҳисобида шуд. Алҳол китоби корманди илмии Хона-музей Ӯлмаси Хол таҳти унвони “ Ситорае дар нимашаб” чоп шуда барои таълифи ҷилди дуюм омодагӣ дида истодаанд.   Аз рӯи гуфти корманди илмии Хона-музей онҳо нақша доранд, ки китоби Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзро, ки “ Илм-ул-афлок” ном дорад, дар шакли алоҳида бо тавзеҳоти муаррихон аз чоп бароранд

Хонаи Ҳоҷӣ Юсуф дар кӯчаи Шӯро №54 мавҷуд буда, 756 метри мукаабро ташкил медиҳад.

    Умед бар он дорем, ки ҳавлии ин шахси бузург дар оянда тармими куллӣ дида, барои наслҳои оянда ҳамчун  мероси гаронбаҳои меъморию таърихӣ боқӣ мемонад.

Манбаъ:

  1. Энсиклопедияи Хуҷанд. – Душанбе, 1999
  2. Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд №3. – Хуҷанд: “Ношир”, 2017
  3. Шабакаҳои иҷтимоӣ.

            

                                                                 Саидова Дилором

корманди илмии Осорхонаи  

                                                                       таърихии  МД МФТ “ Қалъаи Хуҷанд”   

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОХона – музейи этнографии Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёз
Scroll to Top