Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳифзи мероси фарҳангӣ-ҳифзи тамаддуни миллист.

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

(18-апрел Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ).

 

Ҳар як халқи ҷаҳон дар давраҳои муайяни таърихӣ бо дастовардҳои фарҳангии хеш ба тамаддуни умумибашарӣ саҳмгузорӣ намудааст ва халқи тоҷик ҳамчун яке аз халқҳои куҳанбунёди Осиёи Марказӣ дар ин ҷода ҳиссаи арзанда ва мақоми хосаи худро дорост. Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дастовардҳои беназири моддӣ ва рӯшангари чеҳраи миллатанд. Миллати мутамаддин ҳамеша аз осори пурарзиши аҷдоди худ ифтихор ва ҷиҳати бузургдошти он саъй мекунад.

   Барои ҳар як давлати соҳибистиқлол, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзу нигаҳдошти рукни арзандаи фарҳанги миллӣ, ба мисоли ёдгориҳои таърихӣ чун падидаи муҳими иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию берунӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ташаккули худшиносии ҳар як миллати худогоҳ ба устуворӣ ва пояндагии ҷавҳари ҳастии он марбут аст. Чунки маҳз фарҳанг ва дастовардҳои маънавии мардуми ҳар як кишвар ва саҳми он ба тамаддуни умумибашарӣ муаррифгари асосии нуфуз ва мақоми ин ё он халқу давлат дар арсаи байналмиллалӣ мебошад. Аз ҷумла, халқи тоҷик ҳамчун яке аз миллатҳои куҳантарини Осиёи Марказӣ дар тӯли таърихи басо пурихтилоф ва ҳамзамон пурифтихор ва дурударози хеш фарҳангу тамаддунҳое офаридааст, ки нишонаҳои онҳо новобаста аз он, ки имруз дар ҳудуд ё осорхонаҳои кадом кишвар маҳфузанд, шиносномаи ин миллат ва давлати баъди ҳазор сол навбунёди ӯ дар фазои ҷаҳони муосир ба шумор мераванд.

  Дар замонҳои баъдинаи таърихӣ аз асри биринҷӣ оғоз намуда, то асрҳои миёна аҷдодони тоҷикон ба ҳамаи фоҷиаҳои таърих тоб оварда, фарҳангҳо офаридаанд ва аз худ он қадар мероси гаронбаҳое гузоштанд, ки то ба имрӯз ҳар як бинандаро ба ваҷд меорад. Дар ҳақиқат он меросе, ки дар шаклҳои моддӣ ва ғайримоддӣ аз гузаштагон ба мо расидаанд сазовори ҳифз, омӯзиш, тармиму барқарорнамоӣ ва ба ояндагон дар шакли асл вогузор кардан мебошад.

Ин ёдгориҳо ҳамчун мероси гузаштагон дар шаклҳои гуногун-моддӣ ва ғайримоддӣ, манқул ва ғайриманқул то замони мо расида, сарчашмаи мӯътамад ва шаҳодати бевосита аз офаридаҳои гузаштаи ин халқи барӯманд мебошанд.

  Саразми шаҳри Панҷакент яке аз нодиртарин ёдгориҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, соли 2010 ин ёдгории 5500-сола ба феҳристи умумиҷаҳонии фарҳанги ЮНЕСКО ворид гардид. Саразмиён дар ҳамбастагӣ бо дигар марказҳои мадании Ориёноии  аҳди қадим дар Осиёи Марказӣ он тамаддунеро ба вуҷуд оварданд, ки дар радифи тамаддунҳои бузурги шарқи қадим меистод ва минбаъд асосе гардид, ҳамчун барои пайдоиш рушди фарҳангу тамаддунҳои дигар қавмҳои ин сарзамин.

Яке аз паҳлӯҳои муҳими сиёсати давлатии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ин рушду нумӯъ ва пешбурди фарҳанги миллӣ, ошно намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои тоҷикон дар ин ҷода мебошад.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3 декабри соли 2011 таҳти рақами № 577 “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020” қабул гардид, ки дар асоси он барои таъмиру барқарорсозӣ, корҳои бостоншиносӣ ва тарғиби мероси моддиву маънавии халқамон маблағҳои муайян пешбинӣ гардиданд.

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон имкон пайдо намуд, таърихи бою рангин ва фарҳанги куҳанбунёди худро ба оламиён муаррифӣ намояд.

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд тӯли 5 соли охир  4226 адад ашёҳои бозгӯи таъриху фарҳанги ниёгон қабул гардиданд, ки 3101 адад ба фонди экспонатҳои асосӣ ва 1125 адад ба фонди экспонатҳои ёрирасон қабул карда шуданд. Алҳол экспонатҳои асосии фонди осорхона 15973 ададро ташкил медиҳад.

Як қисми ёдгориҳои таърихӣ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд маҳфуз мебошад, ба монандӣ: хумҳои асрҳои VII-VIII, ёдгориҳои Панҷакенти қадим аз он ҷумла Саразми қадим хиштҳои хом ва олотҳои сангии ҳазорсолаи IV-III пеш аз мелод экспонатҳои бостоншиносӣ: мустахора тааллуқ ба асрҳои  IX-X, симобкӯзачаҳо асрҳои   IX-XII, ҳайкалчаи сафолӣ(теракота) асрҳои V-VIII, дафинаи сиккаҳо тааллуқ ба асрҳои XI-XVI ва сиккаҳои асрҳои гуногун ҷамъоварӣ карда шудааст, ба намоиш гузошта шудааст.

Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ, мутобиқи давру замон инкишоф додан ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддаси ватандӯстонаи ҳар як корманди осорхона мебошад.

                                                                       

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲифзи мероси фарҳангӣ-ҳифзи тамаддуни миллист.
Scroll to Top