Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Гули лола таҷассумгари зебоӣ ва нишон аз чеҳраи сурхи миллати азизи мо мебошад. Бинобар ин, соли дувум аст, ки дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии «Гулҳо» баргузор мегардад. Соли гузашта бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани фестивали «Сайри гули лола», озмуни вилоятии «Гулҳо» ва истиқболи шоистаи меҳмони олиқадр - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони баргузории чорабинӣ – Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба як лолазори бузург табдил ёфта буд.

Имсол низ ба пешвози Наврӯзи хуҷастапай дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” монанди соли гузашта ба миқдори 300 ҳазор гули лола шинонида шуд. Алҳол Маҷмаа ба боғи биҳиштосое табдил ёфтааст. Мардуми шарафманди вилоят ҳамарӯза ба дидани боғ ва гулҳои рангоранги лола ташриф оварда истодаанд. Кормандони Маҷмаа ин анъанаи волоро ҳамин тавр солҳо идома хоҳанд дод.

Бихандад лола дар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,

Бигиряд абр дар гардун ба сони дидаи Маҷнун.

 

   

   

  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСАЙРИ ГУЛИ ЛОЛА
Scroll to Top