Дар доираи баргузории чарабиниҳо бахшида ба Наврӯзи Аҷам дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо гузоштани деги Суманак ва пухтани он оғоз гардид. Аҳли ҷомеаи меҳнатӣ ва намояндагони муассисаҳои фарҳангӣ вилоят бо мақсади муттаҳидӣ, файзу баракат ва фаровонӣ ин суннати аҷдодиро ба ҷо оварда, бо кофтани деги Суманак ҳар яке шукри истиқлолу хонаи обод ва дастархони серу пурро орзу мекарданд.
Ҳамчунин дар Хона - музейи Камоли Хуҷандӣ маросими анъанаи миллии мардумии тоҷик гаҳворабандон баргузор гардид.
Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ дар ин рӯзҳо хеле серодам буд. Лолаҳои шукуфта ва гулҳои баҳорӣ ба ҳусни ин макон ҳусни дигар зам менамуданд.