Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

8-уми март Рӯзи Модар

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Барои ҳар яки мо симои аз ҳама маҳбубу меҳрубон ва нотакрору ҷовидона модар аст. Модар бароямон на танҳо азизтарин шахс, балки гаронбаҳотарин сарвати миллату давлатамон ба шумор меравад.

         Эмомалӣ Раҳмон

Модар. Зери ин мафҳум чӣ қадар меҳру муҳаббат ва бузургию хоксорӣ пинҳон аст. Дар қалби бузурги модар ҷаҳон ҷой мегирад.

Худованд ба Зан-Модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон мебошад. Зан-Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад.

Ҷомеаи меҳнатии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тамоми модарон, хоҳарон ва бонувони иззатманди ҷумҳурӣ ва вилоятро ба ифтихори ҷашни бузург – Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон пеш аз ҳама тандурустиву хушбахтӣ, иқболи неку толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу менамояд. 

Идатон муборак модарон, хоҳарон ва бонувони азиз!

Дили модар чу дарёи равон аст,

Ҷаҳони меҳри модар беканор аст.

Сано бодо “Муҳаммад”-ро чи хуш гуфт,

Биҳишт зери қудуми модарон аст.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО8-уми март Рӯзи Модар
Scroll to Top