Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Паймони бародарӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳукумати шаҳр заминаи воқеии комёбиҳоро дар ҳамкории дуҷониба бо давлатҳои хориҷй медонад. Имзо шудани Шартнома оиди алоқаҳои бародархондагӣ байни шаҳрҳо амалӣ гаштани нақшаҳои Ҳукуматро осонтар мекунанд. Инро бо шаҳри Сянтаои музофоти Хубейи Ҷумҳурии халқии Хитой ва шаҳри Линколни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бародаршаҳр эълон шудани Хуҷанд ба хубӣ исбот намуд. Зеро бародархондагӣ имконият медиҳад, ки муносибатҳои дӯстонаи байни тоҷикону мардуми Чин ва Амрико беҳтар шавад, робитаи хуҷандиён бо шаҳрдорони Линколни Штати Небраска бештар ривоҷ мегирад. Кӯшиш барои васеъ кардан, мустаҳкам гардондан ва ривоҷ додани алоқаҳои байниминтақавӣ дар доираи давлатҳои хориҷй ва дар заминаи ихтиёри баробарҳуқуқй ва манфиати тарафайн - номгӯи муҳимтарини вазифаҳоеанд, ки вақти имзои созишномаҳо дар мадди аввал меистанд. Ҳукумати шаҳр дар ин асос метавонад имкониятҳои савдою иқтисодй, илмию техникӣ ва фарҳангии бародаршаҳрҳоро дар шароити муносибатҳои бозорй истифода барад, ҳамчунин ба дастгирии ташаббусҳои ҷудогона ва соҳибкории хурд, барқарор кардан ва мустаҳкам намудани равобити бевоситаи байни субъектҳои хоҷагидорй ноил гардад. Имрӯз амалӣ кардани талаботи Ҳукуматҳои ҷумҳурию вилоят оиди ривоҷ ва таҳкими ҳамкориҳо доираи фаъолияти шӯъбаи робитаҳои байналхалқиро торафт васеъ мегардонад. Ҳанӯз ҳам робитаҳои иҷтимоӣ, манзилию рифоҳӣ, маърифат, таъмини ғановати маънавию ахлоқӣ дар маркази диққати Ҳукумати шаҳр ҳастанд ва ҳалли онҳо моро ба ҳамкории бештар ҳидоят мекунанд. Итминонамон комил аст, ки алоқаҳои Ҳукумати шаҳр бесамар намемонанд ва онон ба нафъи халқ, ба нафъи рӯзгори осудаи вай хидмат мекунанд.

Дар толори пазироии Осорхонаи таърихӣ бахшида ба 45-солагии бастани Шартномаи бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Линколни штати Небраскаи Амрико ва шаҳри Хуҷанд гӯшаи намоишӣ таҳти унвони “Паймони бародарӣ” созмон дода шуд. Гӯша фарогири парчамҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА, китобҳо ва аксҳои мавзеъҳои таърихии Небраска, маводҳои иштирокчии фаъоли  “Паймони бародарӣ” байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Небраска, шаҳрванди фахрии шаҳри Линколни штати Небраска Абдуллоева М. мебошад.

Дар рӯзи таҷлили Рӯзи Модар Эмили Ландон, Саҳил Сандҳи, Мадинахон Пӯлотова - намояндагони Маркази Амрикоӣ дар шаҳри Хуҷанд аз ин гӯша дидан намуда, таассуроти нек бардоштанд.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПаймони бародарӣ
Scroll to Top