Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Модар – нури зиндагӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасол санаи 8-уми март “Рӯзи Модар” ҷашн гирифта мешавад.

Дар арафаи ҷашнгирии ин рӯзи бузург дар Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” вохӯрӣ бо иштироки занони фаъоли вилоят таҳти унвони “Модар – нури зиндагӣ” баргузор гардид.

Омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” И.Иброҳимов чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро бо Рӯзи Модар шодбош намуд.

Дар чорабинӣ Шоири Халқии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд шоира Фарзона, сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд – Абдураҳимзода М., мутахассиси пешбари маркази илмӣ - методии Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд – Усмонова Ф., Раиси кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд – Қодирова Ф., намояндаи маркази Амрикоӣ дар шаҳри Хуҷанд – Эмили Ландон,  устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, донишҷӯён-таҷрибаомӯзони факултаи забонҳои хориҷии ДДХ ба номи Б.Ғафуров, намояндагони зерсохторҳои Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд, намояндагони ВАО, кормандон ва собиқадарони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.

Абдураҳимзода М. – сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд,  мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд – Усмонова Ф. таҳти унвони “Модар чароғи хонадон”, шоира Фарзона, Шоири Халқии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд таҳти мавзӯи “Баҳори шеъри Камол”, “Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст” – бо чунин мавзӯъ  Қодирова Ф. – раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд таҳти мавзӯи “Нақши занҳо дар пойдории сулҳ” Эмили Ландон - намояндаи маркази Амрикоӣ дар шаҳри Хуҷанд, “Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат” – таҳти чунин мавзӯъ Исматуллоев Ҳ. – роҳбалади шӯъбаи сайёҳии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ якчанд нафар кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” аз тарафи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд бо ифтихорномаю тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин бахшида ба ин рӯз собиқадорони меҳнатии муассиса аз тарафи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфарозида шуданд.

Бо хоҳиши иштирокдорон шоири ширинкалом, директори “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” – Раҳматов Б. дар васфи Зан-Модар аз ашъори тозаэҷоди худ қироат намуд.

Баромади ҳофизи хушилҳом, намояндаи Ансабли шашмақомхонони “Нури Хуҷанд”, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Иномҷон Каримов ба чорабинӣ ҳусни тозае бахшид.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ арҷгузорӣ ба модар, ҳурмату эҳтиром нисбат ба ӯ ва донистани қадру қимати модар дар ҳар лаҳзаи ҳаёт мебошад.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМодар – нури зиндагӣ
Scroll to Top