Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Зарфи катибадор

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

 

Мисгарӣ яке аз касбҳои маъмули тоҷикон буда, аз мис сохтани зарфҳо низ яке аз ҳунарҳои қадимаи тоҷикон ба шумор меравад. Ҳунармандони пешини мо ба ин ҳунар аҳамияти хоса медоданд. Дар гузашта мисгарон кӯзаҳои мунаққаше месохтанд, ки дар онҳо нақшҳои ислимии себарга ва нақшҳои ҳандасии меҳробмонанд, ромб, хатҳои росту мавҷӣ ҷойи асосиро ишғол менамуд. Қисмҳои нақшдори кӯзаҳоро аз ҳам нақшҳои алоҳида – занҷира ҷудо менамуданд. Дар ороиши ашёҳо шаклҳои гуногуни занҷира – мавҷӣ, нуқтавӣ, дандондор, ростхат ва ҷуфтхат истифода мешуд.

Алҳол дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд якчанд намуди маснуоти мисӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ шуда, яке аз онҳо, ки кӯзаи дастадори муқарнаси мисин бо сарпӯши гумбазшакл буда, дар қисми болоии он қубба пайваст гардидааст дар намоиш гузошта шудааст. Дар рӯйи сарпӯш ҳафт ҷойи ҳамвори барҷаста бо гули чорбарга ва дигар нақшҳо ҳаққоқӣ кардашуда мавҷуд аст. Дар қисмати гардана наварди барҷастаи ҳалқамонанд, нақшҳои кунгура ва нақши гулу растанӣ кашида шудааст. Дар гирдогирди танаи кӯзаи мазкур чор мисра шеър бо ҳуруфи арабӣ ва забони ӯзбекӣ навишта шудааст, ки ин навиштаҷот аз ҷониби Каминаи Алиризоқорӣ дар соли 1311 ҳ.қ (1887 милодӣ) ҳақоқи гардида тарҷумааш ин мебошад.

Беҳтар зи зару сим бувад ин кӯза,

Аз нуқраву тилло шуда мисин кӯза.

Ҳар кас, ки харад барои тӯй ин кӯза

Меҳмони диҳад ба хайр ин кӯза.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЗарфи катибадор
Scroll to Top