Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад.
Мувофиқи меъёрҳои Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 1 марти соли 2020 таъин шуд.
Вобаста ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” якдилона омодагӣ дида истодаанд ва сафарбар низ гаштаанд. Аз ҷумла Самадова Дилором аз тарафи ҲХДТ дар комиссияи участкавии интихоботии №22 шаҳри Хуҷанд ва Бузурукова Наргисахон дар комиссияи участкавии интихоботии №54 шаҳри Бӯстон оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзоёни комиссияи интихоботӣ номнавис гардидаанд.
Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад.