Дар доираи сафари корӣ намояндагони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Беларусия, аз ҷумла директори Институти боғпарварии Ҷумҳурии Белорус Таранов А.А., муовини директор оид ба корҳои инноватсионии Институти боғдорӣ Васеха В.В., муовини мудири кафедраи биотехнологияи Институти воҳиди давлатии парвариши мева Кастритская баҳри шиносоӣ аз таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд.
Ба меҳмонон аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба сайри илмии таърихӣ гузаронида шуда, онҳо бо таърихи таъсисёбии муассиса ва толорҳои экспозитсионӣ шинос шуданд.
Диққати меҳмононро бештар бозёфтҳо аз Саразми бостон, китобу дастхатҳо ва нигораҳои нодир ҷалб намуд. Ҳамчунин меҳмонон чун рамзи дӯстӣ дар китоби “Меҳмонони фахрӣ” таассуроташонро қайд намуданд.
Директори Институти боғпарварии Ҷумҳурии Белорус Александр Таранов, ки бори нахуст ба вилояти Суғд ташриф овардааст, аз меҳмоннавозӣ, ободиву корҳои созандагӣ дар вилоят изҳори хушнудӣ намуд. Номбурда баён дошт, ки ҳамкории олимону мутахассисони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорус бо Академияи илмҳои кишоварзӣ ва дигар мутахассисони соҳаи Тоҷикистон хубу зич ба роҳ монда шуда, натиҷаҳои ҳамкорӣ назаррас мебошад. Феълан барои густариши робитаҳои судманд нақшаҳо тарҳрезӣ ва дар амал тадбиқ мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки меҳмононро сардори идораи хоҷагии қишлоқи вилоят Бобозода Х. ҳамроҳӣ намуд.