Ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи таърихии вилоятии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” вохӯрӣ бо афсарону сарбозон баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабинӣ дар даромадгоҳи Осорхонаи таърихӣ афсарону сарбозон ва муҳассилини Гимназияи №4 саф ороста, таҳти навои оркестри нафасӣ машқҳои ҳарбиро иҷро намуданд.
Чорабинӣ бо қироат намудани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Дар чорабинӣ мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд Усмонова Ф., раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Қодирова Ф., намояндагони Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист, афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии 3501 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ҳарбии 0235-и Раёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар вилояти Суғд, донишҷӯён - таҷрибаомӯзони факултаи забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, намояндагони зерсохторҳои Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд, намояндагони ВАО ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.
Чорабиниро омири кулли “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. сухани ифтитоҳ бахшида, ҳамаи ҳозиринро бо 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуд ва оид ба нақши Артиши миллӣ дар кафолати амнияти давлат ва зиндагии осоиштаи мардум маърӯза намуд. Пас аз муаррифии меҳмонон мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд – Усмонова Ф. таҳти унвони “Сипари боэътимоди Ватан”, Касиров Д. – капитан, муовини командири рота дар қисми ҳарбии 0235-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзӯи “Артиши миллӣ - кафолати амнияти мардум” маърӯза намуданд.
Дар рафти чорабинӣ муҳассилини Гимназияи №4 омодагии худро бо суръати тез истифодабарии яроқро дар вақти ҷангӣ нишон доданд.
“Хизмат ба Ватан ифтихор аст” – бо чунин мавзӯъ Ҳомидов И. – сержанти хурди қисми ҳарбии 3501-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қобилов М. - раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти шаҳри Хуҷанд дар бораи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, Сайфиева Ш. - роҳбалади Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” таҳти унвони “Ҳифзи Ватан – қарзи ҷовидонист” андешаронӣ намуданд.
Баромади адабии оркестри нафасии қисми ҳарбии 3501 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии майор Ақризобеков Р. ба чорабинӣ ҳусни тозае бахшид.
Ҳамчунин, дар ин рӯз бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ гӯшаи намоишӣ таҳти унвони "Артиши миллӣ - кафолати давлатдорӣ" созмон дода шуда, дар он ҳуҷҷатҳои собиқадори қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майор Ҳомидов Ҷаббор ба маърази тамошо гузошта шуд.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, қарзи фарзандии ҷавонон ба Модар - Ватан ва ҳамеша омода будан ба ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад. Зеро артиш ин мактаби мардонагӣ буда, хизмат кардан ба Ватан – Модар шарафи бузург аст.