Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳадяи шаҳрванд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Кормандони илмии осорхона тибқи нақшаи корӣ оид ба ҷамъоварии ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ аз шаҳрвандон бо мақсади ғанигардонии коллексияи махзани (фонд) осорхона корҳои назаррасро ба сомон расонида, дар соли 2019 дар бобати қабули ашёҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ба миқдори 2647 адад ҷамъоварӣ намуданд.

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола аз ҷониби шаҳрвандони шаҳру навоҳии вилояти Суғд баҳри ғанигардонии маъхази осорхона ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ ройгон пешниҳод карда мешавад. Яке аз чунин шаҳрвандон Ҷӯраев Парвиз директори ҶДММ “Авитсена” мебошад, ки ҳангоми бурдани корҳои сохтмонӣ ба миқдори 2210 адад тангаҳои нуқрагини дарёфт гардидаро ба осорхона тариқи ройгон ҳадя намудааст. Тангаҳои пешниҳодгардида арзишаш “Один полтиник” соли бароришаш 1922, 1924, 1925, 1926 давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва тангаҳои арзишаш “10, 15, 20 копеек” соли бароришаш 1915, 1916 давраи ҳукмронии Русияи подшоҳӣ  мебошад. Ин тангаҳо яке аз саҳифаҳои таърихи халқи тоҷикро дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри ХХ фаро мегирад.

Хуб мешуд, сафи чунин шахсони ватандӯсту саховатпеша зиёдтар мешуданд. Зеро, ки маҳз осорхона муаррифгари таъриху фарҳанги ҳар як миллату халқият буда, бо манзур намудани чунин бозёфтҳо таърихи халқамонро муаррифӣ мекунад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲадяи шаҳрванд
Scroll to Top