Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Профессор Усмонҷон Ғаффоров 75-сола шуд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳафтаи сипаригашта муаррих ва публитсисти шинохта, ходими ҷамъиятиву сиёсӣ, узви Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001), профессор Усмонҷон Ғаффоров 75-сола шуд.

Усмонҷон Ғаффоров яке аз олимони пуркори тоҷик буда, доир ба таърихи фарҳанги халқи тоҷик, фарзандони арзандаи миллат зиёда аз 70 китобу ҳазор мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ ва публитсистӣ-оммавӣ ба табъ расонидааст.

Китобҳои эшон доир ба зиндагии Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Муҳаммад Осимӣ, академик Қорӣ Ниёзӣ, Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаев, Назаршо Додхудоев, Лоиқ Шералӣ, Сотим Улуғзода, Султон Умаров ва ғайра дар зоти худ беназир буда, миёни хонандагон маҳбубияти зиёде доранд. Рисолаҳои илмии эшон ба масъалаҳои мухталифи таърихи халқи тоҷик равшанӣ меандозад. Китобҳои эшон доир ба Тоҷикистони соҳибистиқлол, бахусус Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон аҳамияти баланди илмӣ доранд.

Роли профессор Усмонҷон Ғаффоров дар кори сохтмон ва бунёди Осорхонаи таърихии вилояти Суғди басо муҳим аст.

Ҳайати ҷомеаи меҳнатии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” олими маъруф, профессор Усмонҷон Ғаффоровро бо 75-умин солгарди умрашон табрик намуда, барояшон сиҳату саломатӣ ва саодати рӯзгорро таманно мекунанд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПрофессор Усмонҷон Ғаффоров 75-сола шуд
Scroll to Top