Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фестивали вилоятии заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз...”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҷамъбасти Фестивали вилоятии заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз...” баргузор гардид.

Дар Фестивал ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, ба монанди: Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Исфара, Мастчоҳ ва Ҷ.Расулов иштирок намуданд.

Фестивалро муовини Раиси вилояти Суғд З.Азимӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр кард, касби заргарӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, аз ҳунармандон хоҳиш карда мешавад, ки тарғибу ташвиқи арзишҳои фарҳанги заргарӣ, умуман рушд ва такомули ҳунарҳои мардумиро ба роҳ монанд ва бо ин васила ҳунари волои худро муаррифӣ намоянд.

Дар фестивал ҳамчунин муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ф.Нуруллозода, директори намояндагии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси кумитаи тадорукот Н.Шамсиева, директори МД “Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ”, котиби кумитаи тадорукот М.Ёқубов, намояндагони ВАО-и шаҳру вилоят ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.

Ғолибони Фестивал дар сатҳи вилоят бо Дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва бо маблағи 1000, 2000, 3000 сомонӣ мукофотонида шуданд:

  1. Ҷои аввал – Очилов Хуршед (заргар аз КВД Фулузоти нодири Тоҷикистон);
  2. Ҷои дувум Қурбонов Мансур (заргар аз ИСК Равшан);
  3. Ҷои савум Ғафуров Отабек (заргар)

Ҳамчунин, шахсони ташаббускор ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳое, ки дар даври вилоятии Фестивали заргарӣ фаъолона иштирок намуданд бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки Фестивали мазкур дар асоси банди 1-уми Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП – 1140 ва банди 2-юми амри №15 Раиси Вилояти Суғд аз 16 январи соли 2019 баҳри эҳё ва рушди соҳаи заргарии миллӣ, коркарди сангҳои ороишию қиматбаҳо ва омезиши онҳо бо дастовардҳои давлатҳои пешрафта дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳалла баргузор гардид.

Дар фестивал маҳсули ҳунармандон аз металлҳои тиллою нуқра, ба монанди гӯшвора, ангуштарин, даспона ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳадаф аз баргузории Фестивал тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани сунатҳои беҳтарини заргарии миллӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои фарҳанги заргарӣ, арҷгузорӣ ба меҳнати истеҳсолкунандаи маснуоти заргарӣ ва муаррифии навъҳои гуногуни заргарии миллӣ мебошад.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФестивали вилоятии заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз...”
Scroll to Top