Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагиии шоири ширинкаломи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул кард.
Соли 2015 дар соли мубораки ҷашни Наврӯзи байналмилал дар шаҳри Хуҷанд бо ҳидояту роҳнамои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади гиромидошт бозгашти маънавии шоири ғазалсаро, андалеби Хуҷанд - Хоҷа Камол ба вуқӯъ пайваст, ки он орзуи дерина буда, имрӯз ба шарофати Истиқлолият амалӣ гардид.
«…шоири тавоно ва донишманди ирфону адаби Машриқзамин Камолуддин Абӯаҳмади Муҳаммад, маъруф ба Камоли Хуҷандӣ, шайх Камол ё Хоҷа Камол низ аз зумраи парвардагони домони поки Хуҷанди бостонист, ки ба андешаи соҳибназарон «то забони тоҷикиву шеъри тоҷикӣ по барҷост, оромгоҳи ӯ гулборон ва рӯҳаш нурборон хоҳад монд».
Эмомалӣ Раҳмон
Камолиддин Абӯаҳмад Муҳаммади Хуҷандӣ, ки бо номи Камоли Хуҷандӣ маъруфу машҳур гардидааст, дар соли 1319-1320 дар Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Назар ба навиштаи соҳибони тазкира тақрибан солҳои 1350-60 Камол аз Хуҷанд ба нияти ҳаҷ, бо роҳи Хоразм ба Арабистон рафта, дар бозгашт бинобар писанд омадани обу ҳавои Табрез дар он ҷо мондааст. Аммо барои Камол дар Табрез ҳам муддати дароз бо осудагӣ зиндагонӣ кардан муяссар нашуд. Соли 1385 подшоҳи дашти Қипчоқ Тӯхтамишхон, ки аз авлоди Ҷӯҷӣ ном писари Чингиз буд, ба Озарбойҷон ҳуҷум оварда, Табрезро тороҷ кард ва дар қатори молҳои ғанимати Камолро ҳам гирифта, ба пойтахти худ – шаҳри Сарой (Астрахани имрўза) мебарад.
Дар соли 1396 Амир Темур бар зидди Тӯхтамишхон лашкар кашида, Саройро хароб намуд. Ин воқеа барои Камол имконияти ба Табрез баргаштанро муҳайё кард. Дар девони шоир ғазале, ки бо матлаи зерин оғоз мешавад, ба муносибати ба Табрез баргаштанаш гуфта шудааст:
Биҳамдуллаҳ, ки дигар бор рӯи дӯстон дидам,
Чу булбул мекунам мастӣ, ки боғу бӯстон дидам.
Ман он мурғи хушилҳонам, ки берун аз қафас худро,
Ба иқболи баҳор эмин зи ташвиши хазон дидам.
Аз тарафи султон Ҳусайни Ҷалойирӣ, ки ҳукмрони Ироқу Озорбойҷон минҷумла Табрез ба ҳисоб мерафт, барои Камол дар Табрез як бино сохта дода шуд. Камол дар ин бора мегӯяд:
Гар гӯшае бисозад султон Ҳусайн моро,
Дар қалби шаҳр набвад касро ба мо низое.
Бо мутрибони хушгӯ шому сабоҳ бошад,
Дар гӯшаи Ҳусайнӣ Ушшоқро самое.
Камол нисбат ба шаҳри Табрез дилбастагии зиёд дошта, он мавзеъро дар ашъораш чун «биҳишт» ном мебарад:
Аз биҳишти Худои азза ва ҷал(л),
То ба Табрез ним фарсанг аст.
Таърихи вафоти Шайх Камол аз рӯи қитъаи зерини Хоҷа Абдураҳими Хилватӣ дақиқан нишон медиҳад, ки он дар санаи 803 ҳиҷрӣ, мутобиқи 1400-1401 мелодӣ рух дода будааст:
Орифи ҳақшинос Шайх Камол,
Ки ҷаҳонро ба шеъри тар бигрифт.
То сухан аз даҳон бурун афтод,
Кас сухан мисли он бузург нагуфт.
Ҳашт саду се гузашт к-он хуршед
Ҳамчу маҳ дар саҳоби ғайб нуҳуфт.
Қабри Хоҷа Камол дар Валиёнкӯҳи Табрез аст, ки акнун бо номи «Мазори Шайх Камол» маъруфу машҳур аст.
Мақбараи рамзии Шайх Камоли Хуҷандӣ
Намунае аз нусхаи хаттии осори Шайх Камоли Хуҷандӣ
Бо лутфи табъ мардуми Шероз аз Камол
Бовар намекунанд, ки гуӣ Хуҷандиям.
Мавҷуда Бойматова
Корманди МД МФТ
“Қалъаи Хуҷанд”