Чунон ки маълум аст, мақсади асосии осорхонаҳо ҳифз ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад Осорхонаи вилоятии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” дар қатори ҷамъоварии дигар ёдгориҳои таърихӣ лаганди мисиро харидорӣ намуд. Лаганд байзашакл буда, маркази он бо нақшҳои зооморфӣ оро дода шудааст ва дохили он бо 8-адад ҳайвони дарранда тасвир ёфтааст. Дар гирди он бошад, нақшаҳои хатти рост, даврача, ислимӣ, дандона ва нуқта акс ёфтааст. Лаби лаганд аз қисми марказаш каме баландтар сохта шуда, ду паҳлӯи лаганд даста дорад. Бо назардошти ҳамаи ин метавон арзёбӣ кард, ки ҳолати ин лаганд хуб буда, дар шинохти анъана ва фарҳанги ибтидои асри ХХ судманд аст. Минбаъд осорхонаи вилоятӣ дар ҷамъоварии чунин ёдгориҳои таърихӣ, ки инъикоскунандаи маданияту фарҳанги миллии ҳар давра ба ҳисоб меравад, фаъолияти пурсамари худро ба роҳ хоҳад монд.