Мутобиқ ба қарору фармоишоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи супоришҳои МИҲД вилояти Суғд, ҷиҳати иҷроиши нуктаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд, кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳо ва хизматрасонӣ ба тамошобинон дар давраи ҳисоботӣ корҳои назаррасро ба сомон расониданд.
Дар давоми соли 2019 - 5 ҷаласаҳои Шӯрои илмии Осорхонаи таърихӣ баргузор гардида, нақшаи фаъолияти кории маҷмаа дар соли 2019, барномаи нақша–чорабинии Муассиса бахшида ба солҳои 2019–2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ“ мақолаҳо ва матни сайри илмии мавзӯии кормандони илмӣ таҳия гардида, сенарияҳо ва лоиҳаи нақшаи гӯшаҳои намоишӣ муҳокима ва тасдиқ карда шуданд.
Дар ин давра 9 ҷаласаи харидории назди фонди осорхона гузаронида шуда, аз шаҳрвандон ба миқдори умумии 2652 адад ашёҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиккаҳои гуногуни таърихӣ, ҳуҷҷатҳо ва нусхаи хаттии нодир, маводҳои замони муосир ба маблағи 60978 сомонӣ харидорӣ карда шуданд. Аз миқдори умумии ашё 2529 адад ройгон қабул гардида, 2361 адад ба фонди асосӣ ва 286 адад ба фонди ёрирасон ворид карда шуданд.
Дар давоми соли 2019 дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 17-маротиба намоиш, 3-маротиба вохӯрӣ, 4-маротиба конфронси илмӣ ва 2-маротиба намоиши берун аз Осорхона баргузор гардид.
Дар ин давра аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 42022 нафар меҳмонони ватаниву хориҷӣ дидан ба амал оварданд. Аз ин миқдор 6845 нафар тамошобинон аз осорхона ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 10520 нафар тамошобинон 747 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 30551 нафар мебошанд. Теъдоди тамошобинони хориҷии дур 3503 нафар, фарогири сайри илмӣ 529 нафар, давлатҳои ИДМ 1036 нафар, 863 нафар фарогирии сайри илмӣ мебошанд. Шумораи шаҳрвандони ватанӣ 14196 нафар мебошанд.
Аз Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 10485 нафар меҳмонони ватаниву хориҷӣ дидан ба амал оварданд, ки 2096 нафар тамошобинон ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 5324 нафар тамошобинон 620 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 4212 нафар мебошанд. Теъдоди тамошобинони хориҷии дур 247 нафар, фарогири сайри илмӣ 135 нафар, давлатҳои ИДМ 185 нафар, 132 нафар фарогирии сайри илмӣ мебошанд. Шумораи шаҳрвандони ватанӣ 2536 нафар мебошанд.
Аз Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматовро 11995 нафар меҳмонони ватаниву хориҷӣ дидан ба амал оварданд, ки 3895 нафар тамошобинон ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 5242 нафар тамошобинон 808 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 5804 нафар мебошанд. Теъдоди тамошобинони хориҷии дур 269 нафар, фарогири сайри илмӣ 97 нафар, давлатҳои ИДМ 332 нафар, 174 нафар фарогирии сайри илмӣ мебошанд. Шумораи шаҳрвандони ватанӣ 2741 нафар мебошанд.
Дар маҷмӯъ теъдоди тамошобинони боздиднамуда аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 64502 нафарро ташкил дода, 5572 нафар тамошобинон аз хориҷии кишвар мебошанд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 43416 нафар буда, бо сайри илмӣ 21086 нафарро ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, дар ин давра нашри навбатии “Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд №5” бо мақолаҳои илмии кормандон, олимон, устодони Донишгоҳҳои олӣ ва муҳаққиқони Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардид.
Дар мавзеи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз ҷойҳои истироҳати тамошобинону сайёҳон ба шумор меравад, баҳри ободонӣ 300 000 пиёзакҳои гули лола шинонида шуда, он пас аз анҷоми мавсим ба 339 000 дона гулҳои мавсими иваз карда шуд. Дар фасли тирамоҳӣ зиёда аз 30 000 адад гули виола, 300 адад гули хризантема ва дигар гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуд. Ҳамчунин, дар ҳудуди боғ 10 бех дарахти бодом, 10 бех чормағз, 9 бех арча, 4 бех кипарис, 22 бех шоҳбулут, 4 бех дарахти нахл, 6 бех навъи палвония дар маҷмӯъ 65 адад дарахт шинонида шуда, поруҳои минералӣ ва шӯрхок андохта шуда, дарахтон ва токзори чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва дарахтони мавзеи боғ ба шакли дуруст дароварда шуд.
Дар асоси нақша-чорабиниҳо масъулони Маҷмаа барои тоза нигоҳ доштани ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ доимӣ корбарӣ намуда истодаанд.
Ҷӯи Раззоқи ҳудуди боғ ба пуррагӣ аз таъмир бароварда шуда, партовқуттиҳои корношоями пластикӣ иваз карда шуданд. Қуббачаҳои панҷараи иҳотавии ҳудуди Маҷмаа рангубор ва сафед карда шуданд.
Сутунҳои равшанидиҳандаи ҳудуди боғ ва таршерҳо, нишастгоҳҳо рангубор карда шуда, гулдони “Товус” ба пуррагӣ, таъмир ва рангубор карда шуда, шиору овезаҳои ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатӣ ба номи Камоли Хуҷандӣ иваз карда шуданд.
Кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тибқи нақшаи корӣ фаъолияти пурсамар бурда, барои таҷлили солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар сатҳи баланди фарҳангӣ баҳри хизматрасонӣ намудан ба меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.