Дар осорхонаи таърихии вилояти Суғд ашёҳои таърихе мавҷуд ҳастанд, ки нодир ва камёфт мебошанд. Аз зумраи онҳо туфангча харидорӣ карда шудааст, ки аз маводи фулуз ва чӯб сохта шудааст. Дарозии мили он 2 см буда, як қисми чӯби дастакаш шикастааст. Қисми болои туфангча бо фулузи рангаш сафед ва қисми дастакаш фулузи рангаш зардчатоб сохта шудааст. Дар қисми мобайнаш як фулузи зардчатоб насб карда шудааст, ки дар он 1852 навишта шудааст. Қисми мили туфангча чӯб ва фулузи онро бо воситаи сим пайваст карда шудааст. Дар қисми болоии туфангча, ки фулузи сафед аст тамғаи “ПББ № 494” навишта шудааст. Дар поёни туфангча бошад “ПН- 1852.407” насб гардидааст. Қисми поёни дастакаш ду хати шикаста дорад. Ин ашёи таърихӣ бо ҳафт адад мечаи печдор (винт) пайваст карда шудааст. Куланги (курок) туфангча аз фулуз иборат мебошад, ки барои парондан қат карда шудааст.