Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Харидории ашёҳои нодир

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар комиссияи навбатии харидории назди маъхази осорхона аз ҷониби шаҳрвандони шаҳру навоҳии вилояти Суғд  ба миқдори 44 адад ашёҳои арзиши таърихӣ-фарҳангӣ дошта  харидорӣ карда шуд.

Ашёҳои мазкур бозгӯи таърихӣ-фарҳанги халқи тоҷик буда,  ба давраи қадим, асрҳои миёна ва замони муосир мансуб мебошанд ва барои ғанигардонии  коллексияи соҳавии махзани осорхона, баргузории намоишҳои осорхонавӣ ва сайёр судманданд.

Дар байни ашёҳои харидорӣ гардида ашёи нодир ба монанди дастпона (эмизак-макак)-и бачагона  харидорӣ гардид, ки яке аз нигораҳои нодири осорхона ба ҳисоб мераваду то ин дам дар маъхази осорхона чунин нигора мавҷуд набуд.  Дастпона (эмизак-макак)-и бачагона аз металли нуқра сохта шуда, барои кӯдакон аз оилаҳои доро ба фармоишот аз тарафи  заргарон сохта мешуд. Он аз даспона, қисмати сӯрохдор барои макидан, ки дохили он кӯфтаи ширинӣ  меандохтанд ва занҷира иборатанд.

Мувофиқи маълумотҳо аз сомонаи интернетӣ яке аз чунин дастпона (эмизак-макак)-и бачагонаи тиллогини бо сангҳои фирӯза оро ёфта дар Осорхонаи Эрмитажи Санкт-Петербург ба намоиш гузошта шуда, он ба асри XIX мансуб мебошад.

Ҳамчунин, дар қатори дигар ашёҳои харидорӣ гардида Обдони мунаққаш (фляга) харидорӣ гардид, ки бо санъати баланди ҳаққоқӣ қисмати рӯяш  оро ёфтааст.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОХаридории ашёҳои нодир
Scroll to Top