Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шанбегии умумимаҷмаавӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тибқи иҷроиши барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз санаи 12 ноябри соли 2019, №644-9/16 тф бо мақсади гузаронидани вусъати омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ корҳои ободонӣ ташкил гардида, шанбегии умумимаҷмаавӣ гузаронида шуд.

Кулли кормандони маҷмаа сарҷамъона дар шанбегӣ иштирок намуда, нишастгоҳҳо, фаввораҳо, панҷараҳои иҳотавӣ, чароғакҳои равшандиҳандаи ҳудуди боғ тоза карда шуданд.

Роҳравҳо, майдончаҳои ҳамешасабз ва майдонҳои Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ рӯбучин гардида, айвонҳои ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва партовҷой ба тартиб дароварда шуданд.

Гулҳои садбарг ба шакл дароварда шуда, аз зарпечакҳо тоза карда шуд. Ниҳолу буттаҳо аз шоху баргҳои хушк тоза, ҷӯйборҳо ва харакҳои нишаст тоза карда шуданд.

Корҳои ободонӣ ва тозагӣ идома ёфта, кормандони маҷмаа барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ хизматрасонӣ намудан ба шаҳрвандон, меҳмонони дохилию хориҷи кишвар ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШанбегии умумимаҷмаавӣ
Scroll to Top