Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Конститутсия - роҳнамои миллат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5


Ҳамасола санаи 6-уми ноябр дар мамлакати соҳибистиқлоламон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он ба гузашти замон бештар мегардад.

Шашуми ноябри соли 1994 орзуву ормон ва мақсаду мароми халқи Тоҷикистон дар шакли Конститутсияи нави давлати тозабунёд муҷассам шуданд.

Ин санади муқаддас, ки бо дарназардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.

Бояд тазаккур дод, ки Конститутсияи аз тарафи халқ қабулшудаи соли 1994-ум бо ширкати олимону донишмандони маъруф ва бо назардошти таҷрибаи пешқадамтарин давлатҳои ҷаҳон дар риштаи ҳуқуқу қонунгузорӣ таҳия гардида буд. Бо қабули Конститутсия ҷомеае, ки бар асари низоъ ва даргириҳо дар масири бесарусомониҳо қарор дошт, ба низом даромада, ҳокимияти давлатӣ дар ҳамаи зинаҳо барқарор шуд.

Бахшида ба ин ҷашн ҳар сол дар толори пазироии Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” гӯшаи намоишӣ бо истифода аз китобу маҷаллаҳо аз маъхази китобхонаи илмӣ ва фонди осорхона ташкил мегардад.

Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд” кулли ҳамватанонро бо ин рӯз табрик намуда, ба ҳамаи Шумоён дар кори ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон пешрафту пирӯзиҳо ва осудагиву рӯзгори фаровон орзу менамояд.

Бигузор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахтномаи миллати сарбаланди мост, роҳнамои ҷовидонии аҳли ҷомеа ба сӯи қуллаи бахту саодат бошад!

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКонститутсия - роҳнамои миллат
Scroll to Top