Баҳри беталаф ва саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили тиллои сафед ва барои кӯмак намудан ба кишоварзон кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” фаъолона дар маросими ҷамъоварии ҳосили Пахта-2019 иштирок менамоянд. Ҳар як корманд кӯшиш ба харҷ менамояд, ки бештар саҳми арзандаи хешро дар ин маросим гузорад. Зеро пахта яке аз муҳимтарин боигарии давлати соҳибистиқлоламон мебошад ва беҳуда нест, ки дар Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон акси он таҷассум ёфтааст.
Чуноне ки мо медонем пахта аз муҳимтарин зироатҳои техникӣ мебошад, ки 51,3%-и истеҳсоли нахи бофандагии дунёро нахи пахта ташкил медиҳад. Пахта аз ҷумлаи зироатҳое маҳсуб мегардад, ки аз ҳосили он масолеҳи бофандагӣ, равған, сӯзишворӣ ва хӯроки чорво истифода мешавад. Аз ин ҷиҳат таваҷҷуҳи кишоварзон ба ин зироат бештар аст.