Ба наздикӣ сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Ҳоҷибоев Шерозҷон, роҳбари ширкати сайёҳии “Вояж Тур” дар шаҳри Хуҷанд ашёи таърихию фарҳангӣ - хуми дудастадори сафолин аз авлодаш мерос мондаро ба Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ройгон супорид.
Маъмурияти МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ин рафтори хайрхоҳонаашро ба назар гирифта, Ш.Ҳоҷибоевро баҳри ғанӣ гардонидани маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо ашёҳои таърихӣ ва бо ин васила барои наслҳои оянда гузоштани мероси пурғановати ниёгон ва саҳм гирифтан дар эҳёи фарҳангу маданият ва худшиносии миллӣ бо сипонома қадрдонӣ намуд.