Мероси ниёгони мо баёнгари таъриху тамаддун ва фарҳанги тоҷикон мебошад. “Дурру-л-аҷоиб” аз қабили чунин асарҳоест, ки солҳо мардуми азизи тоҷик ин китобро дастурамали зиндагии хеш қарор дода, аз қиссаву ривоёт ва пандҳои он баҳра мегиранд. Нусхае, ки дар Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” харидорӣ карда шуд, аз нусхаҳои нодири “Дурру-л-аҷоиб” ба ҳисоб меравад. Нусха фарогири мавзӯъҳои ахлоқӣ, ирфонӣ ва таърихӣ мебошад. Андозааш 27х15 буда, матн дар андозаи 20х9 китобат шудааст. Нусха бо хатти настаълиқ навишта шуда, комил мебошад. Асар соли 1281 ҳ.қ. ба табъ расидааст. Муаллиф ва котиб номаълум аст.
Мавҷуда Бойматова
Корманди шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр