Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Харидории китобҳои нодир

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд барои ғанӣ гардонидани фонди осорхона комиссияи харидорӣ баргузор гардид, ки дар он 5 адад нусхаҳои нодир ба монанди “Аҷоибу-л-қасас”, “Маҷолису-л-ушшоқ”, “Дуррул Аҷоиб”, “Нодиру-л-меъроҷ”, “Куллиёти Ҷомӣ” харидорӣ карда шуд.

Китобҳои мазкур дастхат ва чопи сангӣ буда, барои шинохти нуктаҳои муҳими таърих, фарҳанг, адабиёт ва ирфони гузашта аз осори гаронарзиш ба ҳисоб меравад. Яке аз ин китобҳо “Дуррул аҷоиб” аст, ки аз нусхаҳои дастнависи асри XVII маҳсуб гардида, фарогири қиссаву ривоёт ва панду андарзи бузургони мо мебошад. Китоби “Маҷолису-л-ушшоқ”, “Аҷоибу-л-қасас” низ аз қабили чунин китобҳоест, ки муаррифгари таърихи адабиёт ва насри ахлоқии мардуми тоҷик мебошад. Дар қатори ин китобҳо “Куллиёти Ҷомӣ” гарчанде борҳо нашр гашта бошад ҳам аммо нусхаи чопи сангие, ки харидорӣ карда шуд комил, нодир ва аз арзишмандтарин нусхаҳои ашъори Ҷомӣ мебошад ва барои миллати тоҷик муфид аст.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОХаридории китобҳои нодир
Scroll to Top