Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани “Рӯзи забони давлатииТоҷикистон”, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ҷиҳати татбиқи банди 18-и Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” моҳҳои май-октябри соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони “Оинаи таърих” гузаронида шуд.
Давраҳои аввалу дуюми он дар сатҳи минтақаҳо доир гардида, даври ниҳоӣ 5 октябри соли 2019 дар рӯзи ҷашни “Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон” дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Орумбекзода, сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон Қ.Ғуломзода, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон А.Шарифзода, фаъолон, ғолибон, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф, васоити ахбори омма ҷамъбаст гардид.
Озмуни мазкур аз рӯи чор номинатсия:
Аз рӯи номинатсияи хона-осорхонаҳо – Хона – музейи Камоли Хуҷандии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҷои аввалро сазовор гардида, бо тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани нақши осорхонаҳо дар густариши маънавиёти ҷомеа, ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти соҳаи осорхонавӣ ва ба макони ҳақиқии истироҳати шаҳрвандон табдил додани онҳо мебошад.