Бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар МД “Қасри фарҳанги ба номи А.Рӯдакӣ” ҷаласаи сеюми Вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид.
То оғози ҷаласа намоиш ташкил карда шуд, ки дар он шуъбаи сайёҳии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” иштирок намуда, ҷиҳати муаррифии фаъолияти маҷмаа буклет, хатсайр, маълумотнома доир ба ҷалби сайёҳон ва экспонатҳои фонди Осорхонаи таърихиро ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар намоиши пеш аз ҷаласавӣ ширкатҳои сайёҳии вилоят, марказҳои истеҳсолии ҳунармандӣ низ иштирок намуда, маҳсулотҳои худро муаррифӣ намуданд.
Дар чорабинӣ раиси кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Абдуғаффорзода, раиси вилояти Суғд Р.Аҳмадзода, вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ иштирок намуданд.