Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Забон оинаи тафаккури миллат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 03.10.2019 бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конфронси илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Забон оинаи тафаккури миллат” баргузор гардид.

Чорабиниро омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов Иброҳим Сангинович ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи муаллимон табрику шодбош гуфт.

Дар конфронс Фароғат Усмонова - мутахассиси пешбари маркази илмӣ - методии Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Суғд таҳти мавзӯи “Забони давлатӣ - шиносномаи миллат”, Зоҳидҷон Қӯрғонов - номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Муассисаи давлатии таълимии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таҳти унвони “Забон рукни асосии миллат”, Сайфия Исломова - корманди илмии шӯъбаи таърихи давраи муосири Осорхонаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” таҳти мавзӯи “Забон нишони миллат ва пояи давлат аст” иштирок ва маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин Фотима Қодирова Раиси Иттифоқҳои касабаи фарҳанг, иттилоот ва сайёҳӣ, намояндагони муассисаҳои раёсати фарҳанги вилоят, устодону донишҷӯёни ДДХ ба номи ак.Б.Ғафуров, омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд, муҳассилини Муассисаи таълимии хусусии “Литсейи Рустамов”, намояндагони ВАО ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”иштирок карданд.

Барномаи адабӣ таҳти унвони “Забон дар арсаи таърих” бо иштироки муҳассилини Муассисаи таълимии хусусии “Литсейи Рустамов” ба чорабинӣ ҳусни тозаеро бахшид.

Ҳамчунин бахшида ба ин ҷашн дар толори Осорхонаи таърихӣ гӯшаи намоишӣ таҳти мавзӯи “Забон хишти аввалини кохи миллат” ташкил гардид.

Ҳадаф аз баргузории конфронс ва таҷлили Иди забон ин асосан нигоҳ доштани покизагӣ ва асолати забон, густаришу инкишофи он ва баланд бардоштани сатҳу мақоми он мебошад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЗабон оинаи тафаккури миллат
Scroll to Top