Дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ифтитоҳи даври вилоятии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ карда, ба иштирокчиёни мусобиқа барору муваффақиятҳо таманно намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки мусобиқаи мазкур дар чор марҳила - дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи умумӣ ва махсус, дар сатҳи ноҳия ва шаҳр, дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ва дар сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, фонди ҷоизавиаш 100000 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гардидааст.
Дар даври вилоятии мусобиқа 100 нафар ғолибони даврҳои қаблӣ иштирок дошта, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.
Ҳадаф аз баргузории мусобиқа ҳарчӣ бештар ҷалб намудани наврасону ҷавонон ва аҳолӣ ба варзиш мебошад.