Санаи 23 сентябр дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд раисони Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷиҳати иштирок дар семинари минтақавӣ оид ба “Стандартҳои байналхалқии меҳнат дар таҳкими қобилияти муқовиматпазирии ҷомеа ба буҳронҳо ва татбиқи ҳадафҳои меҳнати арзанда” ба МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф ба амал оварданд.
Меҳмонони мазкур нахуст ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ворид гардида, аз толорҳои «Ҳаёти одамони асри санг», «Давраи фулузӣ», «Тамаддуни ориёӣ», «Эллинистӣ», «Толори таъриху тамаддуни халқи тоҷик» дидан намуданд. Ҳамчунин, дар толори пазироии Осорхонаи таърихӣ, ки ба ифтихори ташрифи меҳмонон гӯшаи намоишӣ доир ба дӯстии ин ду халқи бузург ташкил гардида буд, писанди ҳамагон гардид.
Минбаъд, меҳмонон аз манзараҳои зебою дилфиреби Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, мақбараи намодӣ, пайкараи Хоҷаи бузургвор ва Хона- музейи шоир аз наздик шинос шуда, ба меҳмоннавозӣ, фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик таҳсину офарин хонданд.
Дар интиҳо, дар чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ дастурхон ороста ва ба китоби фахрии осорхона аз тарафи меҳмонон соядаст гузошта шуд.