Тибқи нақшаи кории Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” санаи 14 сентябри соли 2019 дар Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ифтитоҳи намоиши дастхатҳои нодир аз коллексияи фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таҳти унвони “Осори ниёгон ва таъсири он ба маънавиёти имрӯза” баргузор гардид.
Чорабиниро директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро хайрамақдам намуд.
Дар чорабинӣ сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломзода Қ., ҷонишини омир оид ба корҳои илми Осорхонаи таърихӣ Олимова Н., мудири шуъбаи фонди Осорхонаи таърихӣ Ӯрмонҷонова А., мудири шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашри Осорхонаи таърихӣ Шехимов И., устодон аз ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, кормандони ВАО-и ҷумҳурӣ ва вилоят, кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ширкат карданд.
Дар намоиш аз маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нусхаи нодир ба монанди “Захирату-л-мулук”, “Ҷомеу-л-улум”, “Маслаку-л-муттақин»”, “Манофеу-л-услимин”, “ал-Инояту шарҳу ҳидояти”, “Девон”-и Амир Алишери Навоӣ, «Шарҳи «Ақоиди Азудӣ», Сарфу наҳви арабӣ, “Юсуф ва Зулайхо”, Рубоиёти Хайём ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Мавзӯъҳову мундариҷаи нусхаҳо фарогири забону адабиёт, таърих, ирфон, ахлоқ, грамматикаи арабӣ, фиқҳи ҳанафӣ ва ғайра буда, аз арзишмандтарин осори ҷамъовардашуда мебошанд. Ғайр аз ин, нусхаҳои мавриди назар баёнгари ҳунари волои хаттотӣ, тазҳибкорӣ ва ҷилдсозӣ буда, нишон аз арзишҳои фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ҳифз намудани мероси ниёгон, муҳаббати мардум ба китобу китобхонӣ, равона сохтани насли ҷавон ба ҳунари хатту хаттотӣ ва тазҳибкориву ҷилдсозӣ мебошад.
Шоистаи тазаккур аст, ки намоиши мазкур то санаи 14.10.2019 идома хоҳад ёфт.