Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Мероси гаронбаҳо

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

        

         Нусхаҳои хаттӣ аз арзишмандтарин мероси гаронбаҳои ниёгони мо мебошад. Ин дастнависҳо барои шинохти фарҳангу тамаддун ва худшиносии миллии мардуми тоҷик саҳми назаррас доранд.

         Дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” зиёда аз 400 китоби дастнавишта ва чопи сангӣ мавҷуд аст. Шумори бештари ин китобҳоро китобу рисолаҳои чопи сангӣ ташкил диҳад ҳам, дастнавиштаҳои нодиру қадиме, ки дар фонди Осорхонаи таърихӣ нигаҳдорӣ мешаванд, қимати афзун доранд ва дар илми тоҷик омӯзишу баррасии онҳо уфуқҳои тозаеро кашф хоҳад намуд.

         Тибқи нақшаи Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” санаи 14.09.2019 дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши китобҳои нодир аз коллексияи дастхатҳои фонди Осорхонаи таърихӣ таҳти унвони “Осори ниёгон ва таъсири он ба маънавиёти имрӯза” баргузор мегардад, ки дар он зиёда аз 30 адад китобҳои дастнавишта ва чопи сангӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

         Марҳамат ба намоиш!  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМероси гаронбаҳо
Scroll to Top