Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Китоб махзани илму дониш

User Rating:  / 2
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Китоб бузургтарин ганҷинаи ҳастӣ ва мураббиву роҳнамои инсон барои зиндагии оқилонаву фаъолияти босамар мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон иброз доштанд, ки "бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад”.

Бахшида ба Рӯзи китоб санаи 4-уми сентябр дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ намоиши китобҳои тозанашр бо иштироки сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев баргузор гардид. Дар намоиш Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштирок намуда, аз осорҳои Пешвои миллат, назму насри тоҷику форс, китобҳо оид ба сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои олимон ва устодони донишкадаҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кўдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандўстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКитоб махзани илму дониш
Scroll to Top