Тибқи даъвати сафоратхонаи Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе санаи 30 августи соли ҷорӣ барои иштирок дар семинари байналмилалии “Ҳиндустонро барои худ бикшо” кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Мамадҷонова М. – мудири шуъбаи таърих ва Раҳимова Қ. – роҳбалади шуъбаи сайёҳӣ иштирок намуданд.
Дар семинари мазкур оид ба рушди соҳаи сайёҳии байни Тоҷикистону Ҳиндустон, ташкил намудани аввалин гурӯҳҳои сайёҳӣ ва ҳамчунин ҷалби ҳарчӣ бештар сайёҳони ҳинд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хуҷанди бостонӣ маърӯзаҳои пурмӯҳтаво карда шуд.
Дар рафти семинар ба воситаи слайдҳо мавзеъҳои таърихию сайёҳии Ҳиндустон, ки зиёда аз 83 мавзеъро ташкил мекунад ва 38 адади он зери ҳимояи ЮНЕСКО қарор дорад, муаррифӣ карда шуд.
Дар анҷоми семинар барномаи фарҳангӣ, ки аз тарафи сафоратхона омода гардида буд, ба чорабинӣ ҳусни тоза зам намуд.