Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

МУКОФОТОНИДАНИ КОРМАНДОНИ МАҶМАА

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар толори маҷлисгоҳи китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати фарҳанги вилоят баргузор гардид.

Дар мушовара фаъолияти тамоми сохторҳои Раёсат ва шуъбаву бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дар нимсолаи аввали соли 2019 таҳлилу баррасӣ шуданд.

Аз маърӯзаи сардори Раёсат маълум гардид, ки фаъолияти Раёсати фарҳанги вилоят дар нимсолаи аввали соли 2019 қаноатбахш аст.

Қобили ёдоварист, ки дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати фарҳанги вилоят 3 нафар кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” бо унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд:

Неъматҷонова Муҳаббат фаъолияти кориашро ҳамчун омӯзгор оғоз намуда, дар осорхона аз соли 1975 то 1996 дар ҳайси роҳбалад кор намуда, то вазифаи мудири шуъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва ташкилӣ ноил гардидааст. Дар тӯли фаъолияти 20-солаи хеш барои тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандорию хештаншиносӣ, муарифӣ намудани таъриху фарҳанги тоҷикон ба сайёҳону меҳмонони хориҷӣ саҳми босазо гузоштааст. Ҳоло ҳамчун собиқадор дар нафақаи меҳнатӣ қарор доранд.

Раҳимова Қаноат Ҳакимовна фаъолияти кориашро ба ҳайси омӯзгори фанни таърих дар МТМУ №31 ноҳияи Б.Ғафуров оғоз намуда, аз соли 2013 дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳамчун ҷонишини омири осорхона оид ба корҳои илмӣ ба кор қабул гардидааст. Дар рафти фаъолияти кориаш ӯ барои пешбурди корҳои илмию тадқиқотии осорхона саҳми бозасо гузоштааст.

Ӯрмонҷонова Адиба Нӯъмонҷоновна фаъолияти кориашро аз соли 2011 ҳамчун омӯзгори фанни ҷуғрофия дар Гимназияи №1 ноҳияи Б.Ғафуров оғоз намуда, аз соли 2013 дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба вазифаи корманди илмии осорхона шурӯъ намудааст.

Аз соли 2015 то ин ҷониб дар ҳайси сармуҳофизи фонди осорхонаи таърихии маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” кору фаъолият дошта, дар давоми фаъолияташ барои ҳифз ва нигаҳдории нигораҳои нодири осорхона, созмон додани намоишҳои экспозитсионии осорхона ва берун аз он саҳми босазо гузоштааст.

Дар фазои тантанавӣ сардори Раёсати фарҳанги вилоят О.Набиев аз номи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Орумбекзода шаҳодатнома ва нишони сарисинагии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМУКОФОТОНИДАНИ КОРМАНДОНИ МАҶМАА
Scroll to Top