Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

НАМОИШИ НУСХАҲОИ НОДИР ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” санаи 23 августи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”-и шаҳри Панҷакент намоиши китобҳои нодир ташкил карда шуд.

Ин чорабинӣ аз тарафи шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр, шуъбаи фонд, шуъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи Осорхонаи таърихии маҷмаа ташкил гардид.

Дастнавиштаҳои нодиру қадиме, ба монанди “Асрору-л-фотиҳа”, “Заҳирату-л-мулук”, “Маъориҷу-н-нуббуват”, “Шавоҳиду-н-нубувват”, “Мавоҳибу алийя”, “Мирвоҳу-л-арвоҳ” ва ғайра, ки солҳои охир ҷамъоварӣ ва харидорӣ гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуд.

Қобили зикр аст, ки дар МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ҳудуди 400 китоби дастнавишта ва чопи литографӣ, ки дар партави сиёсати фарҳангсолорона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд харидорӣ шудаанд, мавҷуд аст. Шумори бештари ин китобҳоро китобу рисолаҳои чопи литографӣ ташкил диҳад ҳам, дастнавиштаҳои нодиру қадиме, ки дар фонди Осорхонаи таърихии вилоятӣ нигаҳдорӣ мешаванд, қимати афзун доранд ва дар илми тоҷик омӯзишу баррасии онҳо уфуқҳои тозаеро кашф хоҳад намуд.

Мақсад аз ташкили чунин намоиш, ҳарчӣ бештар тарғибу ташвиқ намудани мероси ниёгон, шиносоӣ ва муаррифии санъати хаттотӣ, ороиши китоб ва ба ин васила дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва интихоби касбу ҳунар тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон мебошад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНАМОИШИ НУСХАҲОИ НОДИР ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Scroll to Top