Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони “Оинаи таърих” амалӣ гашта истодааст

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҷиҳати тадбиқи банди 18-и Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №53, аз 09.02.2016), фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.05.2019 №75 ва мактуби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.05.2019 №1-03/1189 бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳҳои май-октябр озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони “Оинаи таърих” идома дорад.

Нисбати шиносоӣ ва натиҷагирӣ аз фаъолияти осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳакамони озмун Ғуломзода Қурбон – сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон – раиси ҳакамон, Зарипов Алишер – сардори шуъбаи илмӣ – методии Осорхонаи миллии Тоҷикистон – аъзои ҳакамон, Иброҳимов Парвиз – мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода истодаанд.

Аз санаҳои 12 то 17.08.2019 ҳакамони озмун аз фаъолияти осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба монанди: Исфара, Спитамен, Ҷ.Расулов, Б.Ғафуров, Хуҷанд, Истаравшан ва Панҷакент дидан намуданд.

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООзмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони “Оинаи таърих” амалӣ гашта истодааст
Scroll to Top