Ҳамватанони азиз! Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии Иди Қурбон аз сидқи дил табрику таҳният намуда, бароятон пеш аз ҳама хонаободиву сарбаландӣ, тандурустиву фароҳдастӣ ва беҳтарин хушиҳои рӯзгорро орзу менамояд. Бигзор Худованди бузург аз баракоти ин лаҳзаҳои муборак ҳамаи моро бархурдор бигардонад.
Иди қурбон муборак!