Санаҳои 7-8-уми августи соли равон дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон форуми байналмилалии инвестисионии Фарғона – 2019 баргузор гардид.
Дар форум намояндагон аз 27 кишварҳои дунё, аз ҷумла аз вилояти Суғд бо роҳбарии муовини аввали раиси вилоят Хол Ҳайдар иштирок намуданд. Ҳамчунин корманди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” низ дар форум ширкат варзид.
Мақсад аз баргузории форум ривоҷи потенсиалии иқтисодӣ ва рушду нумуи ҳунарҳои мардумӣ мебошад.