Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Бозёфти симобдонҳо аз ш.Хуҷанд (дар асоси маводҳои фонди осорхона)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар истеҳсолоти маснуотҳои сафолии асримиёнагии Осиёи Марказӣ як навъи зарфҳои сафолии мудаввар ва махрутшакл ҳамчун маҳсули ҳунари волои кулолгарӣ мақоми махсусро доро аст.

Зарфҳои мазкур шаклан хурд буда, гарданаи кӯтоҳ ва даҳанаи борик, ранги сабзтоб ва хокистарии баланд доранд. Чунин зарфҳо вобаста ба таъинот – яъне ба он симоб меандохтанд, ки дар урфияти кулолгарони маҳаллӣ онро симобкӯзача меномиданд. Онҳо андоза ва шаклҳои гуногун дошта, курашакл, махрутӣ, лӯндаи дарозшакл ва нокмонандии тагаш конусшакл ва нақшдор низ мебошанд. Симобкӯзача - симобдон дар манотиқи гуногуни Осиёи Марказӣ  Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд дарёфт карда шуда, мавриди таҳқиқи бостоншиносон қарор ёфтанд.

Доир ба моҳият ва таъиноти симобдонҳо бостоншиносон Вяткин В.Л., Албаум Л., Массон М.Е., Пӯлодов У., Марофиев С.Ш. бо ҳаммуаллифии Москаленко Н.А. ва дигарон дар мақолаҳои худ маълумотҳои боэътимоди илмӣ додаанд.

Дар мақолаи мазкур мо тасмим гирифтем, ки ҳаддал имкон такя ба адабиёти мавҷудаи дастрас, ба таври мушаххас доир ба бозёфти симобдонҳои қаблӣ ва солҳои охир аз шаҳри Хуҷанд дарёфт карда шуда ва дар фонди осорхона маҳфуз буда, маълумот диҳем.

Аз сарчашмаҳои илмӣ маълум аст, ки соли 1926 бостоншиносон дар мавзеи Афросиёби шаҳри Самарқанд симобдонҳои зиёдеро дарёфт намуда буданд. Бостоншиноси барҷаста Вяткин В.Л. аз назди танӯрҳои махсуси кулолии кашф шуда, ёфт шудани симобдонҳои шаклан нуқсондор ва нопухтаро асоснок намуда, онҳоро ба асрҳои IV-V мелодӣ нисбат додааст ва маҳсули истеҳсоли кулолгарони маҳаллӣ ҳисобидааст. Чунин зарфҳо аксаран бо нақшу нигори ислимию ҳандасавӣ оро дода мешуданд. Симобдонҳо аз омехтаи гилҳои махсус дар чархи кулолӣ бо усули оҳиста-оҳиста тафсонидан ва ҳамин тариқ хунук кардан сохта шуда, хусусияти хеле мустаҳкаму бадошт доштанд. Хусусан, дар асрҳои IX-X бо баробари инкишофи ҳунари кулолгарӣ ва талабот ба симоб истеҳсоли симобдон хеле афзоиш ёфт. Барои ҳалли ин масъала бозёфти симобдонҳои дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд маҳфуз буда, чун манбаи асосӣ ва далели шайъӣ нақши муҳим доранд.

Чуноне, ки аз сарчашмаҳои илмӣ маълум аст соли 1932 директори музейи таърихӣ – кишваршиносии ш.Хуҷанд (ҳоло Осорхонаи таърихии вилояти Суғд) А.В.Уэлс ва кормандони ӯ дар Хуҷанд ду танӯри маъдангудозии асри Х – ХII кашф намуданд. Инчунин ҳамон сол дар яке аз маҳаллаи кулолгарони шаҳри Хуҷанд зарфҳои курагии тагаш конусшакли нуқсондори мутааллиқ ба асрҳои IX – X ёфт шуданд.

 

Бояд қайд намуд, ки дар хусуси таъиноти ин зарфҳо муҳаққиқон фикру ақидаҳои мухталиф доштанд. Аввалин ақида он буд, ки чунин зарфҳо барои нигаҳдорӣ ва кашонидани равғани растанӣ, барои ороишӣ, дигаре барои нигаҳдории симоб, сеюмин нафтандоз, яъне ҳамчун воситаи таркандаю оташангезанда (бомба) ҳангоми муосираи қалъа истифода мешуд, чорумин чароғдон, панҷумин барои кашонидани маҳлулҳои моеъи гуногун мешумориданд. Қисми бештари олимон танҳо ду фарзия – якум симобдон будани зарф, дуюм нафтандоз будани онро ҷонибдорӣ менамуданд. Барои ҳалли ин муаммо далелҳои эътимодбахш лозим буданд. Ниҳоят моҳи октябри соли 1977 дар деҳоти Хишекати ноҳияи Ғончии (Деваштичи кунунӣ) вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ҳангоми корҳои сохтмонӣ зарфи курашакли тагаш махрутӣ (конусшакл) дар дохилаш 3 кг симобдошта дарёфт карда шуд. Он ҳаҷман хеле калон буда, бо нақшҳои ислимию ҳандасавӣ оро дода шуда буд, ки мутахассисон онро ба асрҳои IX – X мутааллиқ донистанд. Азбаски таги симобдон конусшакли зерборик буданд, ба як паҳлӯ хобонида мешуд ва барои ба таври амудӣ гузоштани он ҷойи махсуси сӯрохдор ё ковокдор лозим буд. Ин бозёфт як далели симобдон будани зарфҳои мазкурро собит кард. Моҳи августи соли 1985 аз кӯчаи Шӯрои шаҳри Хуҷанд шаҳрванд Алиев Бурҳон ҳангоми корҳои хандақкобӣ 13 адад симобдон дарёфт кард, ки 12 адади он 27 кг симоб доштанд ва 1 адади он холӣ буд. Зарфҳо дар ҳолати амудӣ, дар хоки намнок ҷойгир буданд, шояд ин боиси аз бухоршавӣ эмин нигоҳ доштани симоб гардидааст. Инчунин дар як вақт пораҳои қисми оташдони сафолин бо навиштаҷоти арабӣ ва  нақши муқарнас дошта, мутааллиқ ба асрҳои IX –X дарёфт гардиданд. Ин зарфҳо аз ҷиҳати шакл ва нақшу нигор ба бозёфтҳои соли 1932 аз Хуҷанд ёфтаи А.В.Уэльс ва соли 1977 ноҳияи Ғончӣ (Деваштичи кунунӣ) мувофиқат мекард. Ба ҳар сурат симобдон будани ин зарфҳо комилан тасдиқи худро ёфтанд.

Бино ба маълумотҳо конҳои хӯлаи маъдан барои истеҳсоли симоб дар қаторкӯҳҳои Туркистон, Қаромазор, наздикии шаҳри Исфара, водии Зарафшон ва кӯҳҳои атрофи Хуҷанд ҳанӯз дар асрҳои IX-X вуҷуд доштанд. Бино ба таҳқиқотҳои олимони номбаршуда, алалхусус, Марофиев С.Ш., Москоленка Н. дар давраи Сомониён дар Хуҷанд маҳаллаи ҳунармандон: Кони сурбӣ, Ниёз-дегча (дегсоз), Дарвозаи чӯянчӣ (рехтагарони чӯян) ва ғайра вуҷуд доштанд, ки бо коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва гудохтани филизот машғул буданд. Инчунин ҳунари кулолгарӣ ривоҷу равнақ ёфта, зарфҳои гуногуни сафолӣ истеҳсол карда мешуд. Аз ин маълумотҳо бармеояд, ки дар асрҳои IX-X симоб ба Хуҷанд оварда мешуд ва эҳтимол ашёҳо барои истеҳсоли симоб дар худи шаҳр мавриди коркард қарор доштанд. Симоб дар дӯконҳои коркарди филизот: чӯянрезӣ, мисгарӣ, корҳои кимёгарӣ, заргарӣ ба воситаи амалгаматсия, яъне барои аз маъдан ҷудо намудани тилло, нуқра, ҳосил намудани филизи тоза бо усули дар симоб ҳал кардани он, барои сирдавонӣ дар рӯи шишаю ойина ва зарфҳо, дар соҳаи тиб барои омода намудани марҳам (маз), яъне симобро бо равғани гӯсфанд омехта намуда, равғани молиданӣ барои бемориҳои пӯст ва дигар корҳои табобатӣ истифода мебурданд. Симобдонҳои сафолӣ аз ҷониби кулолгарони маҳаллӣ бевосита дар шаҳри Хуҷанд истеҳсол карда мешуданд, ки ба он ёфт шудани симобдонҳои зиёд аз ҳудуди шаҳр далолат медиҳанд ва ин далелҳо ба таври илмӣ таҳқиқ гардидаанд. Ҳоло дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд беш аз сад адад симобдон маҳфуз аст, ки аксарияти онон аз Хуҷанд ёфт шудаанд. Аз соли 2006 то 2017 наздик 50 адад симобдон ба фонди осорхона ворид шуданд, ки аз қисматҳои гуногуни шаҳр: маҳаллаҳои Чорлахт, Чорбоғ, Хоҷа Моҳрӯ, Мирзоён ва ғайра ҳангоми корҳои сохтмонӣ ва чуқуркобӣ аз ҷониби шаҳрвандон дарёфт карда шудаанд. Дар ин радиф шикастпораҳои зиёди симобдонҳо, боқимондаи хӯлаҳои маъдании гудохташуда низ ёфт шудаанд. Дар экспозитсияи мавзӯи “Маданияти халқҳои Осиёи Миёна дар асрҳои X-XI”-и осорхона намунаи якчанд симобдонҳо ба намоиш гузошта шудаанд.

Ва дар поён доир ба тавсифи яке аз бозёфти солҳои охир истода мегузарем. Яке аз бозёфтҳои нодир ва диққатҷалбкунанда як навъи зарфи хурди сафолини курашакл – симобдонҳо мебошанд, ки соли 2006 дар самти Шимолу Ғарбии шаҳри Хуҷанд, назди соҳили дарёи Сир, кӯчаи Шариф Раҷабов №141 дарёфт карда шудаанд. Аз гуфти шоҳидон - ахборотдиҳандагон ҳангоми ковиши чуқурӣ – обрез дар пойгаҳи хона аз чуқурии 3-4 метр тӯдаи бисёри симобдонҳои сафолӣ ба миқдори 46 адад ёфт шуданд. Аз ин миқдор бозёфт 40 адад ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд  ворид гардиданд. Воқеан, муаллифи ин сатрҳо шахсан ҷойи бозёфтро аз назар гузаронида буд ва ба симобдонҳо тавсифномаи илмӣ тартиб додааст. Симобдонҳо шаклан ба ҳамдигар шабоҳат дошта, курашакл, танаи суфтаи бенақш, қисмати таг ҳамвор буда, гарданаи борики кӯтоҳ ва сӯрохии хурд доранд ва дар чархи кулолгарӣ сохта шудаанд. Тавсифи умумии андозаи зарфҳо чунинанд: Симобдонҳои аз ҳама андозаашон бузург, баландӣ 13см, давраи гирди танаи он 38,5 см, хурдтарини он баландӣ 8,5см, гирди давраи тана 34 см дошта, ғафсии девори онҳо 8-11 мм буда, аз ҷиҳати андоза каме фарқ мекунанд. Қисми зиёди онҳо ранги сурхтоби ҷигарӣ, қисман хокранг ва сиёҳтоб доранд. Аз 40 адад симобдон 36 адади он яклухт буда, 4 донаи боқимонда дар ҳолати шикастпора дастрас гардидаанд. Аз як маҳал тасодуфан дарёфт шудани миқдори зиёди чунин зарфҳо барои таърихшиносон диққатҷалбкунанда аст, зеро то ҳол чунин бозёфт кашф нашуда буд. Бозёфти соли 2006 дар муқоиса бо симобдонҳои қаблии дар боло зикр гардида, аз ҷиҳати сохт, андоза ва гарданаи кӯтоҳу сӯрохии хурд ба ҳам шабоҳат дошта, танҳо бо ранг, тарзи омода намудани гил ва усули  дараҷаи сӯзонидани он дар хумдон фарқ мекарданд. Моҳи майи соли 2008 устодони кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бозёфти мазкурро аз назар гузаронида, бешубҳа симобдон будани зарфҳоро тасдиқ намуданд. Аз рӯи гуфтаҳои профессорон А.Мирбобоев, Н.Раҳимов, С.Марофиев ва сармуаллим А.Юсупов симобдонҳо ба асрҳои IX-XII тааллуқ доранд. Ба қавли А.Мирбобоев содироти симобдонҳо дар асрҳои IX-XII аз Хуҷанд ривоҷ ёфтааст. Зеро аз Хуҷанд дарёфт шудани танӯрҳои махсуси кулолӣ ба миқдори зиёди симобдонҳои пухта, шаклан нуқсондору нопухта далели он мебошад.

Хулоса симобдонҳои дарёфт карда шуда мероси фарҳангӣ-моддии халқи тоҷик буда, аз ривоҷу равнақи санъати кулолгарӣ ва инкишофи коркарди филизот дар асрҳои X-XII шаҳодат медиҳад.

Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд №4

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБозёфти симобдонҳо аз ш.Хуҷанд (дар асоси маводҳои фонди осорхона)
Scroll to Top